Jump to content

Леополд Гегенбауэр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Леополд Гегенбауэр
олмонӣ: Leopold Bernhard Gegenbauer
Таърихи таваллуд 2 феврал 1849(1849-02-02)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 3 июн 1903(1903-06-03)[1][2] (54 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ риёзиёт
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Корл Вейерштрос ва Leopold Kronecker[d][4]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Леополд Бернҳард Гегенбауэр (олмонӣ: Leopold Bernhard Gegenbauer, 2 феврали 1849, Асперҳофен, Имеротурии Утриш3 июни 1903, Гисҳӯбл, Утриш-Маҷористон) — риёзидони утришӣ, узви вобастаи АИ Утриш (1883).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Вена (1869). Солҳои 1869–73 дар гимназияҳои гуногуни Утриш омӯзгори фанни математика буд. Соли 1873 барои идома додани омӯзиш ва корҳои таҳқиқотӣ ба Берлин сафар карда, аз К. Вейерштрасс ва Х. Кронекёр дарс омӯхтааст. Инчунин аз Э. Э. Куммер ва Леополд Гегенбауэр Ҳелмголс низ таълим гирифтааст. Соли 1875 оид ба таҳқиқоти полиномҳо, ки баъдтар бисёрузваҳои Гегенбауэр номида шуда буданд, рисолаи докторӣ дифоъ кард. Аз соли 1875 ба Вена баргашт ва дар Донишгоҳи Черновси профессори математика буд. Аз соли 1878 профессор Донишгоҳи Инсбрук, аз соли 1893 профессор ва декани Донишгоҳи Вена (1897–98). Таҳқиқоти Леополд Гегенбауэр дар соҳаи алгебра, назарияи ададҳо, ҳисоби интегралӣ ва назарияи функсияҳо хеле маъмуланд.

  • Гегенбауэр, Леополд Бернҳхард / М. Хоҷабекова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.