Лоиҳа:Оё медонед/Бойгонии фасл
Зоҳир
- Аз 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ дар ҷумҳурӣ пурра бардошта шудааст. Алҳол аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, ҳатто дурдасттарин деҳот бисту чор соат бо барқ таъминанд.[1]
- 17 феврали соли 2017 расонаҳои хабарӣ ба ҳамагон маълум намуданд, ки — Сомонаи амрикоии CNN Travel чойхонаи «Роҳат»-ро беҳтарин чойхонаи ҷаҳон номидааст. Чойхонаи «Роҳат» мувофиқи маълумоти сомонаи амрикоӣ аз соли 1956 инҷониб беҳтарин чойхона ба ҳисоб меравад. Мутаассифона дар асоси Генплани Душанбе даҳҳо иншооти пойтахт аз ҷумла биноҳои театри Лоҳутӣ ва чойхонаи "Роҳат” низ дар нақша афтодаанд ва бояд таҳриб шаванд.
- «Парчам» вожае суғдӣ («*parčam») аст ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ниг.:Парчами Тоҷикистон
- Роҳинҷа (банголӣ: রোহিঙ্গা Rohingga /ɹohiŋɡa/) — номгузории халқиятест дар кишвари Мянма.
Роҳинҷа (халқият), гурӯҳи этникиест, ки аксаран дар иёлати Ракхайн (Аракан)и давлати Мянма маскун аст ва ба ҳалқиятҳои оилаи ҳиндуаврупоӣ таалуқ дорад. Халқияти Роҳинҷа худро аз сокинони муқимнишини иёлати Ракхайн (Аракан)и давлати Мянма мешуморад, вале аксари муаррихон тахмин доранд, ки асосан ин халқият ба Мянма дар даврони мусталикадории Британияи Кабир аз Бангола (Бангладеш) муҳоҷир шудааст, ва қисман баъди соҳибистиқлол шудани Бирма (соли 1971), ҳоло Мянма омадааст.
- Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бар асоси тағйироти қабулшуда (аз 23.08.2017) ин маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карда мешаванд:
КОМИЛАН МАНЪ КАРДА МЕШАВАНД:
- Маъракаи ақиқа
- Маъракаи "Ҳоҷизиёрат”
- Маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон)
- Даъвати санъаткорон ба тӯйи хатна
- Даъвати санъаткорон ва забҳи чорво дар маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста.
- Забҳи чорво ва додани таом дар тамоми маросими дафну азодорӣ, аз ҷумла дар маросими «се», «чил» ва «сол» ва маросими алакай мамнӯи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ».(ҚОНУНИ НАВИ ТАНЗИМ ҚАБУЛ ШУД /akhbor.com/23.08.2017) (ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»| бештар...)
- Имом Бухорӣ дар синни 62-солагӣ бе боқӣ гузоштани насле аз худ аз дунё гузашта ва дар беруни шаҳри Самарқанд дар Хартанг ба хок супорида шудааст.
- Аз рӯи омори "Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ:Шуъбаи аҳолӣ" доир ба саводнокӣ, дар Тоҷикистон тахминан 5 781 203 наф дар синни 15 сола ва боло, ба забонҳои гуногун хонда ва навишта метавонанд. Ин шумора, 99.77% аз ҳаҷми умумии аҳолии калонсолро дар бар мегирад. Яъне, тахминан 13 147 нафар сокинон ҳоло ҳам бесавод мебошанд.Википедиа /tg.wikipedia.org/ Тоҷикистон
- Аввалин медали ҶХШ Бухоро «Барои мудофиаи Инқилоб» (дар расм) 3 июли соли 1922 таъсис ёфтааст.
- Дар Тоҷикистон 6 намуди гурбашаклҳо аз ҷинси паланг ва гурба дучор меоянд.
- ↑ Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 22 Декабри 2019 санҷида шуд.