Чойхонаи Роҳат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Чойхонаи Роҳат, соли 2012
Чойхонаи Роҳат дар фасли зимистон, соли 2017

Чойхонаи Роҳат - дар маркази пойтахти Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир шудааст.

Таърих[вироиш]

Чойхонаи "Роҳат" соли 1958 сохта шудааст. Меъмори бино Константин Николаевич Терлетский, муҳандис Даниил Давидович Гедлин ва устои халқии тоҷик Мирзораҳмат Олимов мебошанд. [1]

Маданияти чойхонанишинӣ[вироиш]

Доштан ва будани чойхона дар шаҳрҳои шарқӣ ҳам боиси ифтихори шаҳрдорӣ ва ҳам боиси ифтихори шаҳрвандон аст. Ва дар чойхона шиштан низ маданият аст. Он ҷо чун чой сӯҳбат гарму доғ аст ва ҳар нафаре, ки вориди ин манзил мегардад, доғи сӯҳбати мусоҳибе аст, ки интихоб намудааст. Дар чойхона ҳар кас дар кати худ менишинад ва ҳамон туре сӯҳбат менамояд, ки кати ҳамсоя аз сӯҳбати онон хабар наёбад ва ҳатто ҳангоми хандидан эътидолро нигоҳ медоранд. Ин ҳолатро дар аксари шаҳрҳои қадима, ки маданияти хоси шаҳрнишинӣ доранд, дидан мумкин аст. Дигар раванде, ки дар ин гуна ҷойҳо ба назар мерасад, ин ҳамоно ба тарзи оҷил назди муштарӣ чой ва пиёлаи нишоллою нони гарм оварда, меҳмонро муроот кардан аст.[2]

Чойхонанишинӣ дар Тоҷикистон[вироиш]

Чойхона воқеан дар шаҳрҳои куҳан ва деҳу деҳкадаҳои мо як мактаби бузурги одаму одамгарист. Он ҷо аслан гули сари сабади ҷомеа ва мардони гапдону гапхон ҷамъ меоянд ва дар атрофи худ ҷавононро ҷамъ намуда, ба онҳо дарси одобу ахлоқ меомӯзанд. Шоҳмот, ва шашка мебозанд. Мусиқии ороми миллӣ мешунаванд.

Чойхона як мактаби бузурги илм, фарҳанг, сиёсат ва ториху тамаддун аст

. Ҷое, ки дар он ҷо тамаддун поя гузошта мешавад ва ин ҷо на минбарҳои баланд аст, балки ҳамин гуна ҷойҳои оддӣ аст, ки тамаддунзо аст ва он тамаддун дар асоси тамаддуни бостон ба вуҷуд омада, бо чойхона барин ҷойҳои умум решапайванд мегардад. Аз ин рӯ, чойхона ва мавқеи онро эмиссарҳои рус хеле хуб омӯхта, аввалин коре, ки пас аз инқилоби октябр намуданд, ин ташкили «чойхонаҳои сурх» дар шаҳру шаҳристон ва деҳу деҳкадаҳо буд, ки «ҳосил»-и хуб низ барои онон ва тарафдоронашон дод.

Дар ҳамин радиф дар Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Исфара, Конибодом, Панҷакент чойхонаҳое амал менамоянд (Чойхонаи Исфара дар Кӯлоб, Чойхонаи Мавҷ дар Конибодом, Чойхонаи Сино дар Исфара, Чойхонаи Ориён дар Исфара, Чойхонаи Ором дар Исфара), ки шуморо танҳо аз асбоби зарурӣ, мисли: таҳдегӣ, дег, табақ, коса, ҳезум таъмин менамоянд ва шумо танҳо пули ин асбобҳо ва ҷои шиштро пардохт менамоед ва дар чунин чойхонаҳо бо дӯстатон ё дӯстонатон нишаста, худ хӯрок омода менамоед ва аз сӯҳбати якдигар баҳра мебардоред. Мақсад аз будани ин гуна ҷой танҳо чойнӯшӣ нест, ин корро дар хона низ кардан мумкин аст, лекин дар хона он фароғате, ки дар чойхона менамоед, ёфта наметавонед ва он гапу сухане, ки бо ёру дӯст дар ин гуна маҳфилҳо мегӯед, гуфта наметавонед. Пас, будани ин гуна ҷойҳо як рукни шаҳрдорист ва хоси мардуми тоҷик аст.[3]

Чойнику пиёла

Шарқи мусалмонӣ, бахусус мардуми Осиёи Марказӣ аз аҳди бостону миёна, то асри гузашта, ки чанде пеш паси сар гашта, барои бархе аз худ танҳо ёдҳои хуш гузошта, барои баъзеҳо хотироти мағшуш монда, бо доштани корвонсаро, меҳмонхонаҳо, қаҳвахонаву чойхонаҳо ва дар садаи бист ба ин рукнҳои қадима тарабхонаҳо илова гашт ва вуруд ба зиндагии мардуми бумӣ намуд. Аммо дар ин раванд на корвонсаро, на меҳмонхона, на қаҳвахона дар тамаддуни тоҷикони шаҳр ва шаҳракҳои пасошӯравӣ чун чойхона мавқеъ пайдо накард. Ҳатто ин макон дар деҳот замони шӯроҳо ва давлатдории онҳо ҷои масҷидҳоро гирифт ва дар ҳамин радиф «чойхонаҳои сурх» пайдо гашт, ки ба ғайр аз сӯҳбату чойнӯшӣ мӯйсафедон ва аҳли тавоф дар ин ҷо намоз низ мегузоштанд. Пас, замоне ин манзил ҷои масҷидҳои аз ҷониби шӯроҳо басташударо гирифта будааст. Ҳамзамон, чойхона ба ҷуз он ки як рукни миллати тоҷик буд ва ҳаст, дар шаҳрҳои куҳан то ҳанӯз мавқеи худро аз даст надода, ҷои нишаст ва сӯҳбат ба ҳисоб меравад. [4]

Таҳриби бинои чойхона дар назар аст[вироиш]

Дар ибтидои соли 2017 дар асоси Генплани Душанбе дар нишасти хабарии ин вазорати фарҳанги ҶТ гуфта мешуд, ки дар пайи бозори "Баракат”, Почтамт, кинотеатри Ҷомӣ, бинои парлумон, театри русии ба номи Маяковский ва даҳҳо иншооти дигари пойтахт биноҳои театри Лоҳутӣ ва чойхонаи "Роҳат” низ дар нақша афтодаанд ва бояд тахриб шаванд.

Қасди мақомот барои тахриби биноҳое, ки ба истилоҳ "корти муаррифӣ”-и пойтахти Тоҷикистон дар чашми сайёҳони хориҷӣ эътироф шудаанд, баҳсҳое гармеро, бахусус дар миёни равшанфикрони тоҷик барангехтааст. Ба ақидаи аксари равшанфикрон, тахриби биноҳое, ки аз Душанбеи асри 20 ба ёдгор мондаанд, ба хотири сохтани биноҳои осмонбӯс, вале безавқ дар маркази пойтахт ба маънои аз байн бурдани таърихи як садсолаи шаҳр аст. Равоншод академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳатто гуфта буд, ки

"мақомоти кунунӣ барои сохтани Душанбеи асри 21 мехоҳанд Душанбеи асри 20-ро аз байн баранд".

— Муҳаммадҷон Шакурӣ

[5]

Беҳтарин чойхонаи ҷаҳон[вироиш]

Сомонаи амрикоии CNN Travel чойхонаи "Роҳат"-ро беҳтарин чойхонаи ҷаҳон номид.

Баробари ин, ба рӯйхати беҳтарин чойхонаҳои ҷаҳон:

Нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]