Ақиқа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:
تخطيط كلمة الإسلام.png

Ислом

Ақиқа (арабӣ: عقيقة‎) — ҳайвон (асосан гӯсфанд), ки дар ҳафтаи аввали таваллуд ёфтани кӯдак барои ӯ қурбонӣ кунанд, зиёфати мӯйтарошӣ ва номгузории кӯдак. Чунин суннат ҳам ҳаст, ки дар ҳафтаи аввали таваллуд барои навзоди писар ду гӯсфанд ва барои духтар як гӯсфанд кушта, қурбонӣ ва зиёфат мекарданд[1].

Ақиқа дар луғат[вироиш]

Ақиқа дар луғат бар муҳраи ақиқи сурх, зард ва ё сафед, бар мӯи сари навзод, ки бо он ба дунё ояд ва низ бар чорвое, ки ҳангоми тарошидани он мӯй забҳ мешавад, итлоқ гардад ва дар истилоҳи шаръ ба маънои забиҳа — ҳайвони забҳшудае аст, ки ба шукронаи неъмати фарзанди навзод кушта шавад. Вожаи ақиқа дар форсӣ бо масдари кардан низ ба маънои забҳ кардани он чорво ва доир намудани зиёфате ба он муносибат корбурд шавад. Бар асоси таълимоти ислом вақте Худованд барои шахсе фарзанд ато менамояд, барояш муносиб аст, ки навзодро то рӯзи ҳафтум номгузорӣ ва дар он рӯз мӯи сарашро гирифта барояш ақиқа забҳ ва таоми хурсандие доир намояд. Расули Худо (с) мефармояд: «Ҳамроҳи писар ақиқа аст. Аз ҷониби ӯ хуне намоед ва нороҳати (мӯи сараш)-ро аз вай дур созед»[2].

Суннати ақиқа кардан[вироиш]

Тарзи ақиқа кардан ин аст, ки агар нав­зод писар бошад, ду гӯсфанд ва агар духтар бошад, як гӯсфанд забҳ (хун) намояд. Агар дар гову шутур ширкат (шарикӣ) намояд, барои писар ду ҳисса ва барои духтар як ҳисса бигирад. Аз чандин ваҷҳ аз паёмбар (с) ривоят шуда, ки: «Аз ҷониби писар ду гӯсфанд ва аз ҷониби духтар як гӯсфан дақиқа карда мешавад»[3][4]. Тирмизӣ дар шарҳи ҳадиси 1514 мефармояд: «Ривоят шудааст, ки паёмбар (с) аз ҷониби Ҳасан писари Алӣ як гӯсфанд ақиқа кард» ва баъзе аҳли илм ба ҳамин ҳадис амал мекунанд.

Манъи маъракаи ақиқа дар Тоҷикистон[вироиш]

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси банди 4-уми моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст[5].

Эзоҳ[вироиш]

  1. ЭМТ, Ҷ. I. А-АСОС — Душанбе: СИЭМТ, 2011, — С. 268. — 608 с. — ISBN 978-99947-33-45-3
  2. Саҳеҳи Бухорӣ, 5471, 5472
  3. Сунани Тирмизӣ, 1513, 1514, 1516.
  4. Сунани Ибни Моҷа, 3162, 3163.
  5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". www.jumhuriyat.tj. Санҷидашуда 20 сентябри 2017.