Jump to content

Луиҷи Эйнаудӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Луиҷи Эйнаудӣ
итол. Luigi Einaudi
11 май 1955 — 30 октябр 1961
12 май 1948 — 11 май 1955
Пешгузашта Энрику де Никола
Ҷонишин Ҷованни Гронкӣ
январи 1945 — майи 1948
Пешгузашта Vincenzo Azzolini[d]
Ҷонишин Donato Menichella[d]
8 май 1948 — 11 май 1948
6 июн 1947 — 23 май 1948
6 июн 1947 — 22 май 1948
31 май 1947 — 5 июн 1947

Таваллуд 24 март 1874(1874-03-24)[1][2][3][…]
Даргузашт 30 октябр 1961(1961-10-30)[4][1][2][…] (87 сол)
Мадфан
Ном ҳангоми таваллуд итол. Luigi Einaudi
Ҳамсар Ida Pellegrini[d]
Фарзандон Giulio Einaudi[d] ва Mario Einaudi[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Унвони илмӣ профессор
Эътиқод котулисизм[d]
Соядаст
Ҷоизаҳо
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Луиҷи Эйнаудӣ ( итол. Luigi Einaudi; 24 март 1874, Карр - 30 октябри 1961, Рум ) - сиёсатмадор ва иқтисодчии итолиёвӣ, президенти Итолиё аз соли 1948 то 1955.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Луиҷи Эйнаудӣ 24 марти соли 1874 дар Карру, Пйемонт таваллуд шудааст. Вай маълумоти олиро дар университети Турин гирифт, ки дар он ҷо ба идеяҳои сотсиализм мафтун шуда буд, инчунин бо маҷалаи «Sociale Critica» бо роҳбарии Ҳизби сотсиалистии Итолиё Филиппо Турати хамкорӣ кард. Соли 1895 донишгоҳро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, баъд аз он барои омӯзгорӣ дар он ҷо монд. Вай инчунин дар Донишгоҳи Политехникии Турин ва Донишгоҳи Бокконии Милан кор кардааст.

Аз ибтидои асри XX Эйнаудӣ ба мавқеъҳои консервативӣ дар сиёсат майл кард. Дар соли 1919 вай сенатори Подшоҳии Итолиё таъин шуд. Ҳамзамон, Эйнаудӣ дар рӯзномаҳои машҳур ба монанди «La Stampa» ва «Corriere della Sera» ба ҳайси рӯзноманигор кор мекард ва хабарнигори молиявии «The Economist» буд. Ӯ фаъолияти рӯзноманигориашро дар соли 1926 ба поён расонд, вале баъд аз суқути режими фашистӣ дар соли 1943 ҳамкориашро бо Corriere della Sera аз сар гирифт .

Пас аз таслим шудани ҳукумати Итолиё 8 сентябри соли 1943, Луиҷи Эйнаудӣ ба Швейтсария гурехт ва танҳо пас аз як сол ба ватани худ баргашт. Дар Итолиёи нав, вай узви Ҳизби либералӣ шуд ва дар вазифаи президенти Бонки марказии Итолиё буд, ки бонкро аз 5 январи соли 1945 то 11 майи соли 1948 сарварӣ мекард.

11 майи соли 1948 Эйнаудӣ дуюмин Президенти Итолиё интихоб шуд. Дар давоми фаъолияти касбии хеш Эйнаудӣ ба бисёр ташкилотҳои гуногуни фарҳангӣ, иқтисодӣ ва маориф ҷалб карда шуд. Вай тарафдори федерализми идеалии Аврупо буд. Вай инчунин шахсан хоҷагии худро дар наздикии шаҳри Доллиани дар минтақаи зодгоҳаш Пйемонт идора мекард ва дар он ҷо равандҳои пешрафтаи кишоварзиро амалӣ мекард.

Аз 11 май соли 1955 - сенатори якумра.

Луиҷи Эйнаудӣ ду писар дошт. Якум, Ҷулио ношири маъруфи итолиёвӣ буд ва набераи ӯ Людовико композитори машҳур шуд. Писари дуюмаш Марио профессори Донишгоҳи Корнелл ва фаъоли ҳаракати зиддифашистӣ буд.

Эйнаудӣ 31 октябри соли 1961 дар Рум дар синни 87-солагӣ вафот кард.

Библиография

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. 3.0 3.1 3.2 https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/luigi-einaudi (итол.)
  4. 4.0 4.1 4.2 Эйнауди Луиджи // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.