Луи Арагон
фр. Louis Aragon | |
Тахаллусҳо: | Arnaud Saint Romain[5], Arnaud de Saint-Roman[5], François la Colère[5], Témoin des martyrs[5] ва Albert de Routisie |
Таърихи таваллуд: | 3 октябр 1897[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 24 декабр 1982[1][3][4][…] (85 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависандаи пизишк, рӯзноманигор, сиёсатмадор, шоир, румоннавис, мунтақиди ҳунарӣ, French resistance fighter, муаррих |
Жанр: | шеър |
Забони осор: | фаронсавӣ[8][9] |
Ҷоизаҳо: | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Луи́ Араго́н (фр. Louis Aragon, дар хурдӣ Луи́-Мари́ Андриё, фр. Louis-Marie Andrieux; 3 октябр 1897[1][2][3][…], Минтақаи 16 Порис[d][6] — 24 декабр 1982[1][3][4][…], Минтақаи 17 Порис[d], Фаронса[6]) — шоир, нависанда, мунаққиди адабӣ ва сиёсатмадори фаронсавӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти эҷодиаш аз соли 1917 оғоз ёфтааст. Дар оғоз ба ҷараёнҳои адабии дадаизм, сюрреализм ҳамроҳ буд. Солҳои 1920 дар эҷодиёти Луи Арагон тасвири реалистӣ қувват гирифт. Солҳои 1930 Луи Арагон ба СССР таваҷҷӯҳ намуд ва ин кишварро рамзи олами нав меҳисобид (достони «Фронти сурх», 1931; маҷм. ашъори «Ура, Урал!» 1934). Силсилаи романҳо бо номи «Олами воқеӣ» (1934 — 51) ва дигар роману достонҳои Луи Арагон аз зиндагии синфи коргар, коммунистон ҳикоят мекунанд. Луи Арагон ба адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик таваҷҷӯҳи бисёр дошт. Дар аввалин Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941) иштирок кардааст. Вай яке аз тарғибгарони адабиёти тоҷик дар Франсия буд. Дар бобе аз асари худ «Адабиёти советӣ» (Порис, 1955) Луи Арагон оид ба адабиёти тоҷик, эҷодиёти классикон, аз ҷумла Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём ва дигарон, мулоқотҳояш бо А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, Ф. Ниёзӣ, Р. Ҷалил суханронӣ кардааст. Ба ақидаи ӯ С. Айнӣ «бунёдгузори адабиёти реалистии тоҷик» буд. Баъди мутолиаи «Марги судхӯр» вай С. Айниро бо намояндагони бузурги адабиёти ҷаҳон — Шекспир, Гёте, Балзак дар як радиф гузоштааст. Шеърҳои Луи Арагон «Қиссаи сурудхонии марде дар қатлгоҳ», «Далер», «Соли даъвати 1917» ва ғайра ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.
Луи Арагон узви умумиҷаҳонии Комитети Сулҳ, дорандаи Мукофоти байналмилалии ленинии «Барои мустаҳкам намудани дӯстии байни халқҳо» (1957), доктори ифтихории донишгоҳҳои Порис ва Москва буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Delarge J. https://www.ledelarge.fr/368_artiste_ARAGON_Louis (фр.) — Paris: Gründ, Jean-Pierre Delarge, 2001. — ISBN 978-2-7000-3055-6
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ 4.0 4.1 https://www.bedetheque.com/auteur-47408-BD-.html (фр.)
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ 6.0 6.1 6.2 6.3 https://deces.matchid.io/id/sEofvtywaYM6
- ↑ LIBRIS — National Library of Sweden, 2012.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ CONOR.Sl
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арагон Луи / Ш. Мухтор // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 3 октябр
- Зодагони соли 1897
- Зодагони Порис
- Даргузаштагони 24 декабр
- Даргузаштагони соли 1982
- Даргузаштагони Фаронса
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони Фаронса
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Фаронса