Людмила Тоҷибоева
Людмила Маҷидовна Тоҷибоева | |
Таърихи таваллуд | 8 июн 1945 (79 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи В. И. Ленини ш. Москва |
Людмила Маҷидовна Тоҷибоева (тав. 08.06.1945, ш. Душанбе) — педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1982).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1964–1968 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи В. И. Ленини ш. Москва таҳсил намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ ҳамчун муаллим дар кафедраи методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба фаъолият шуруъ кардааст. Солҳои 1977– 1980 аспиранти Институти илмӣ-тадқиқотии тарбияи томактабии Академияи илмҳои педагогии ИҶШС, 1980–1989 муовини декани факултети педагогика оид ба корҳои илмӣ, 1989–1996 мудири 718 кафедраи тарбияи томактабии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Аз соли 1996 дотсенти кафедраи тарбияи томактабии донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад. Оид ба ташкили фаъолияти муштараки самараноки кӯдакон дар машғулиятҳои боғчаи бачагон ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи педагогика кори илмӣ бурдааст. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмию методӣ ва воситаҳои таълимӣ аст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 8 июн
- Зодагони соли 1945
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Занҳо-олимаҳо