Хайринисо Юсуфӣ
Таваллуд | 30 март 1964 (60 сол) |
---|---|
Фарзандон | 4 фарзанд |
Касб | ходими давлатӣ |
Ҷоизаҳо |
Хайриннисо Юсуфӣ (30 марти 1964, Панҷакент) — ходими давлатӣ, муъовини нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]30 марти соли 1964 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1986 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси байтор, соли 2003 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси забоншинос ва соли 2005 Окодемии хидмати давлатии тобеъи Раисҷумҳури Федеросиюни Русияро хатм намудааст. Фаъолияти кориашро соли 1986 ба ҳайси байтори аршади Истгоҳи байтории шаҳри Панҷакент оғоз кардааст. Солҳои 1987—1996 дар вазифаҳои дабирии якуми кумитаи комсомол ва раиси созмони ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент фаъолият дошт. Солҳои 1996 −2004 аввал ҳамчун муовини шаҳрдори Панҷканд ва баъд муовини раиси вилояти Суғд адои вазифа намудааст. Соли 2004—2006 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Соли 2004 бо ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз гардонда шудааст. Издивоҷ карда, соҳиби 4 фарзанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006[1] аз нав муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://www.president.tj/farmon/december01_41.htm Бойгонӣ шудааст 5 ноябри 2007 сол. ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1 декабри соли 2006 № 41