Хайринисо Юсуфӣ
Хайриннисо Юсуфӣ | |
|---|---|
| Таваллуд | 30 март 1964 (61 сол) |
| Фарзандон | 4 фарзанд |
| Касб | арбоби давлатӣ, вазир |
| Ҷоизаҳо |
|
Хайриннисо Юсуфӣ (30 марти 1964, Панҷакент) — арбоби давлатӣ, собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хайриннисо Юсуфӣ 30 марти соли 1964 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1986 Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (1987) бо ихтисоси байтор, соли 2003 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси забоншинос ва соли 2005 Донишгоҳи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм намудааст. Фаъолияти кориашро соли 1986 ба ҳайси байтори аршади Истгоҳи байтории шаҳри Панҷакент оғоз кардааст.
Солҳои 1987—1996 дар вазифаҳои дабири якуми кумитаи комсомол ва Раиси созмони ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент фаъолият дошт.
Солҳои 1996 −2004 аввал ҳамчун муовини шаҳрдори Панҷакент ва баъд муовини раиси вилояти Суғд адои вазифа намудааст.
Соли 2004—2006 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006[1] аз нав муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Мукофот
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени «Шараф» дараҷаи II (2004).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://www.president.tj/farmon/december01_41.htm Бойгонӣ шудааст 5 ноябри 2007 сол. ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1 декабри соли 2006 № 41
]