Мавлудаи Равшанёр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мавлудаи Равшанёр
Мавлудаи Равшанёр
Таърихи таваллуд: 5 июл 1968(1968-07-05) (52 сол)
Зодгоҳ: Душанбе
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир, тарҷумон, воқеанавис
Жанр: ҳикоя, қисса, шеър
Забони осор: забони тоҷикӣ, забони русӣ

Мавлудаи Равшанёрпублисист, тарҷумон, шоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2007)

Зиндагинома[вироиш]

Мавлудаи Равшанёр 5 июли соли 1968 дар шаҳри Душанбе ба ҷаҳон омадааст. Соли 1987 мактаби миёнаи ҳамагонии №88-ро хатм намудааст. Соли 1992 бахши забон ва адабиёти форсии факултаи шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расонда, чанде ба омӯзгорӣ пардохтааст. Баъдан дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва рӯзномаи «Гул-гул» ифои вазифа доштааст. Алҳол корманди дастгоҳи марказии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт[вироиш]

Аз солҳои мактабхонӣ ба омӯзиши адабиёти тоҷику ҷаҳон шавқу завқи тамом дошта, дар ҷодаи назму наср қалам озмудааст. Ба тарҷумонӣ низ иштиғол варзидааст. Дар оҳангсозӣ ва сурудхонӣ ҳам истеъдоде табиӣ дорад.Аз соли 2007 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Аз солҳои навадуми қарни гузашта ҳикояву таронаҳояш мунтазам дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла дар рӯзномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Садои мардум», «Ҷумҳурият», маҷаллаҳои «Фирӯза» ва «Помир» ба табъ мерасанд. Маҷмӯаи нахустини таронаҳояш «Ашкҳои озарин» соли 2004 интишор ёфтааст. Маҷмӯаи дувуми достонҳои мансураш «Нигори нигарон» соли 2006 ба табъ расидааст. Маҷмӯаитаронаҳояш «Огненние слёзы» (ба забони русӣ дар тарҷумаи Норӣ Раббимдухт) соли 2006 интишор ёфтааст. Чакидаҳои хомааш дар чандин маҷмӯаҳои дастҷамъӣ, аз ҷумла, баёзи назму насри адибаҳои ҷавони тоҷик «Дуруд, эй ишқ!» (2005) ва баёзи навниҳолони боғи адабиёти «Анҷумани дидор» (2008) мунташир гардидаанд. Намунаҳои беҳтарини эҷодиёташ ба забонҳои русӣ ва узбакӣ тарҷума шудаанд.[1]

Сарчашма[вироиш]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.184 ISBN 978-99947-2-379-9