Мавлуда Муродова
Мавлуда Ҷӯраевна Муродова (ӯзбекӣ: Мавлуда Жӯрахон) | |
Таърихи таваллуд: | 3 феврал 1954 (70 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Пролетар |
Навъи фаъолият: | журналист,нависандаи ӯзбекзабон |
Мавлуда Ҷӯраевна Муродова (ӯзбекӣ: Мавлуда Жӯрахон) — нависандаи ӯзбекзабон, рӯзноманигор, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Аълочии матбуоти Тоҷикистон. Корманди илмии Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мавлуда Ҷӯрахон 3 феврали соли 1954 дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Пролетар (ҳозира ноҳияи Ҷаббор Расулов) вилояти Суғд таваллуд шудааст. Дар солҳои 1979-1982 дар рӯзномаи «Пролетар тонги» мухбир, солҳои 1982-1995 директори китобхонаи марказии ноҳияи Ғафуров, солҳои 1995-2000 мудири шуъбаи САҲШ ноҳияи Ғафуров, солҳои 1995-2010 дар рӯзномаи «Хуҷанд» вазифаи мудири шуъбаи ӯзбекиро ба уҳда дошт. Аз соли 2010 ӯ дар Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси корманди илмӣ фаъолият мебарад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Асарҳои бадеӣ:
- (ӯзбекӣ: «Соғинаман сизни онажон» (2008, Хуҷанд)),
- ӯзбекӣ: «Турмуш чорраҳаларида» (Ғафуров, 2009) ,
- ӯзбекӣ: «Ҳаёт сабоқлари» (Ғафуров 2013),
- ӯзбекӣ: «Шукрона» (Хуҷанд, 2008),
- ӯзбекӣ: «Юрт соғинчи» (Ғафуров, 2011),
- ӯзбекӣ: «Устоз» (2013, Хуҷанд),
- ӯзбекӣ: «Гиппакрат қасамига содиқ» (Хуҷанд, 2012 ҳаммуаллифи бо Ҳабибулло Холҷӯраев),
- ӯзбекӣ: «Ижодимиздан» (Хуҷанд, 2012, ҳаммуаллиф бо Ҳабибулло Холҷӯраев),
- ӯзбекӣ: «Келажакка мактуб» (Хуҷанд, 2016).
Мавлуда Ҷӯрахон барои ба чоп омода кардани Қомуси Ҳабибулло Холҷӯраев, Шариф Нуриддинов. Исписор: Онҳо фарзандони ту ҳастанд. (ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ). — Ғафуров-Хуҷанд, 2012 (ӯзбекӣ: Исписор: макаддас замин, улуғлар даргоҳи. - Хужанд, 2011. – 224 с.) саҳми арзанда гузоштааст ва яке аз муҳаррирони ҳамин қомус аст. Ӯ солҳои охир дар бораи занони машҳури Тоҷикистон фаъолияти илмӣ бурда ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ мақолаву китобҳои илмӣ- оммавиро ба нашр омода карда истодааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳабибулло Холҷӯраев, Шариф Нуриддинов. Исписор: Онҳо фарзандони ту ҳастанд. (ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ). — Ғафуров-Хуҷанд, 2012. – 956 с.;
- Ёднома//Нашрияи Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б Ғафуров, шумораҳои соли 2015-2016;
- ӯзбекӣ: Исписор: макаддас замин, улуғлар даргоҳи. - Хужанд, 2011. – 224 с.;