Мазори Савда
Зоҳир
Мазори Савда - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Мазори Савда дар самти ҷан. шар. деҳаи Ҷамбули Ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав мавҷуд аст. Дар ин мазор с.50-60-уми садаи XX сокини бузургсоли деҳа Бобои Чургак ва ду тифл ба хок супорида шудаанд. Дар ин ҷо қабри шахси дигаре низ ҳаст, ки одами ботақвои худоҷӯй будааст ва аз дасти нохалафон шаҳид шудааст. Ин мазорро шаҳид низ ном мебаранд. Дар атрофи мазор чордаҳ дарахти савда ва дарахтони дигар қомат афрохтаанд.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.
Пайнавиштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |