Jump to content

Моликӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Мазҳаби моликӣ)
Ҷуғрофиёи густариши мазҳаби моликӣ

Мазҳаби моликӣ (ар. مالكي‎) — дувумин мактаби фиқҳӣ-ҳуқуқии аҳли суннат ва пас аз мазҳаби ҳанафӣ яке аз бонуфузтарин мактабҳои фиқҳии ҷаҳони ислом. Ин мазҳаб ба муассиси он имоми дори ҳиҷрат ва фақеҳи номдори Мадина имом Молик ибни Анаси Асбаҳӣ (рҳ) мансуб аст[1].

Мазҳаби моликӣ нахуст дар шаҳри Мадина — ҳиҷратгоҳи паёмбари акрам (с) ва аввалин хезишгоҳи ислом шакл гирифт ва аз он ҷо ба тамоми канораҳои Арабистон ва дигар сарзаминҳои ҷаҳони ислом интишор ёфт ва он аслан мактаби Ҳиҷоз ва аҳли Мадина ба шумор меравад.

Ин мазҳаб равиш ва мактаби миёнае байни мактаби фиқҳии аҳли ҳадис ва мактаби аҳли раъй ба шумор меравад. Дар он гарчи дар масоили иҷтиҳодӣ асосан ба ҳадис ва асар истинод шуда, вале аз раъй ва иҷтиҳод низ ба таври васеъ истифода гардидааст ва он дар ин замина ба мактаби фиқҳи ҳанафӣ хеле наздик аст. Аз ин рӯ, мутааххирини мазҳаби ҳанафӣ дар баъзе масоили фурӯъ, вақте дар он бар асоси ривоёти машоихи мазҳаб роҳи ҳалле пайдо накарданд, ба мазҳаби моликӣ фатво медиҳанд.

Таҳдоб ва марҷаъи фиқҳии мазҳаби моликӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳдоби фиқҳии мазҳаби моликиро дар дарҷаи аввал Қуръон ва Суннат, пас аз он иҷмоъи уламо ва пас аз он иҷмоъ ва ё амалкарди аҳли Мадина ташкил медиҳад. Амалкарди аҳли Мадина назди аиммаи мазҳаби моликӣ аҳаммияти усулӣ дошта ва дар мавридҳое, ки нассе аз Китоб ва ё Суннат вуҷуд надошта бошад, онро ҳуҷҷат медонистанд. Дар он ба андозаи маҳдудтаре ба қиёс ва истеҳсон низ амал мешуд ва онҳо аз усули истинбот дар аҳкоми фиқҳ ба шумор мерафтанд.

Марҷаи фиқҳии мазҳаби моликӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Марҷаи фиқҳии мазҳаби моликиро китоби «Ал-Мудавванату-л-кубро» таълифи Абдуссалом ибни Саъид маъруф ба Саҳнун ташкил медиҳад, ки яке аз ганҷинаҳои гаронмояи ҳуқуқӣ дар ҷаҳони ислом аст.

«Ал-Мудаввана»

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Ал-Мудаввана» ё «Ал-Мудавванату-л-Кубро» асос ва марҷаи фиқҳии мазҳаби моликӣ. Назароти фиқҳӣ ва ривоятҳои иҷтиҳодии имом Молик (рҳ) дар ибтидо назди шогирдо­наш ба шакли навиштаҳои номураттаб нигоҳдорӣ ва аҳёнан дар миёни онҳо ба тав­ри шифоҳӣ ривоят мешуданд, то он ки Асад ибни Фу­роти Синонӣ – яке аз шогирдони имом Молик (рҳ) пас аз мутолиаи осори илмӣ ва таълифоти Муҳаммади Шайбонӣ (рҳ) дар фиқҳи ҳанафӣ ва шиносоӣ бо ра­виши таълифи масоили фиқҳӣ ва тадвини модда­ҳои аҳком ба Африқо бар­гашт ва хост фиқҳи моликиро низ ба ҳамон тартиб тадвин намояд.

Вай барои баррасии масоиле, ки ба тартиби фиқҳи ҳанафӣ ва бо ра­виши таъ­лифоти Муҳаммади Шайбонӣ (рҳ) мавзӯъбандӣ карда буд ва барои ёфтани ҷавоби онҳо бар асоси мазҳаби моликӣ, ба назди машҳуртарин шо­гирди имом Молик (рҳ) Абдур­раҳмон ибни Қосим ибни Холид ибни Ҷуно­даи Утақӣ рафт. Асад ибни Фурот пас аз му­ҳокимаи он масоил бо Ибни Қо­сим ба тадвини масоили калидии мазҳаби моликӣ пар­дохт ва он навиштаҳо баъдҳо бо номи «ал-Асадия» мансуб ба Асад маш­ҳур гардиданд.

Пас аз он Асад ибни Фурот дар раъси лашкаре барои фатҳи ҷазираи Сиқи­лия (Си­силия) ба Аврупо фиристода шуд ва Абдуссалом ибни Саъид ибни Ҳабиби Танухӣ маъ­руф ба Саҳнун (Абӯсаъид) масоили Асадияро бори дигар бо Ибни Қосим мавриди боз­бинӣ қарор дод ва маҷмӯаи гирдовардаи худро «ал-Мудаввана» номид.

Мазҳаби моликӣ нахуст дар сарзамини Ҳиҷоз мунташир гардид ва аз он ҷо ба Миср ва аз Миср ба сарзаминҳои шимоли Африқо ва Андалус роҳ ёфт. Пас аз интишори мазҳаби шофеъӣ дар сарзамини Миср мазҳаби моликӣ то андозае дар он ҷо равнақи пешини худро аз даст дод.

  1. ал-Аъломи Зириклӣ. Ҷ. 5. – С. 257.