Jump to content

Молик ибни Анас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Молик ибни Анас
араб. ар. مَالِكِ بْنِ أَنَسٍ بْنِ مَالِكٍ بْنِ أَبِي عَامِرٍ الْأَصْبَحِيُّ الْحِمْيَرِيُّ الْمَدَنِيّ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Молик ибни Анас ибни Молик ибни Абӯомири Асбаҳӣ
Лақаб: Имоми Дорулҳиҷра
Касб, шуғл: муҳаддис, фақеҳ, олим
Таърихи таваллуд: тақрибан 711[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 7 июн 795(0795-06-07)
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Эътиқод: ислом
Падар: Анас ибн Молик
Фарзандон: Яҳё, Муҳаммад и Фатима

Фаъолияти динӣ
Самти фаъолият: фиқҳ ва илми ҳадис
Устодон: Nafi Mawla ibn Umar[d][3][5], Ibn Shihab al-Zuhri[d], Ҷаъфари Содиқ[6], Abd al-Rahman al-Awza'i[d], Ayoub al-Sakhtiyani[d], Q12240285?, Ibrahim ibn Abi 'Abla[d], Ibn Húrmuz[d], Zayd ibn Aslam[d], Abdullah ibn Zakwan[d], ʻAbd al-Raḥman ibn al-Qāsim[d], Thawr ibn Yazid[d], Humeyd al-Tawil[d], Rabi'ah bin Farrukh[d], Hisham ibn Urwah[d], īḥīi bn sʿīd al-ʾanṣārī[d], A'isha ibn Sa`d ibn Abi Waqqas[d], Q20409790?, Q106937551? ва Nafi' al-Madani[d]
Шогирдон: Муҳаммади Шофеъӣ, Муҳаммади Шайбонӣ[d][7], Суфёни Саврӣ[d], Abd al-Rahman al-Awza'i[d], Ahmad bin Abi Taybah al-Darimi[d], Hammad bin Zayd[d], Isma'il ibn Jafar[d], Sufyan ibn `Uyaynah[d], Абдуллоҳ ибни Муборак, Ibn ʻAlīyah[d], Ibn al-Qasim[d], Abd ar-Rahman ibn Mahdi[d], Ibn Wahb[d], Q12194964?, Yahya al-Qattan[d], Abu Dawud at-Tayalisi[d], Q106955937?, Abdullah bin Maslama Al-Qanabi[d], Abu-Nuaym[d], Q22686292?, Q109264676?, Muhammad bin Isa al-Tibaa[d], Yahya ibn Yahya at-Tamimí[d], Yahya ibn Yahya al-Laithi[d], Q22684072?, Mus'ab al-Zubayri[d], Воқидӣ, Q106836339? ва Q40376188?
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Молик ибни Анас ибни Молик ибни Абӯомири Асбаҳӣ, бо номи имом Молик бештар машҳур аст (ар. مالك ابن أنس الأصبحي‎; 712, Мадина — 795, ҳамонҷо) — фақеҳ, муҳаддис, яке аз аиммаи чаҳоргонаи аҳли суннат, бунёдгузор ва пешвои мазҳаби моликӣ.

Вай дар амри дин устувор ва аз муровада бо хулафо, умаро ва дунёдорон сахт парҳез дошт. Боре халифаи аббосӣ Ҳорунаррашид ӯро ба ҳузур талабид, дар ҷавоб фармуд: Дигарон бояд ба маҳзари уламо бираванд. Ҳорун ба ночор ба хонаи ӯ рафт ва ба по воистод, сипас пеши рӯи вай ба замин нишаст ва аҳодисе аз ӯ шунид.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абӯомир ҷадди бузурги Молик ибни Анас (рҳ) саҳобаи бузурги расули Худо (с) ва бобиаш Молик аз бузургони тобеин ба шумор мераванд. Абӯомир аз қабилаи Зуасбаҳ дар Яман ва модараш аз қабилаи Азд — аз қабоили араби Яман аст ва Молик ибни Анас (рҳ) аз ҳарду ҷиҳат аз арабҳои холис ва яманитабори сокини Мадина ба шумор меравад.

Молик ибни Анас (рҳ) аз бузургони сокини Мадина, ки дар он айём муҳимтарин маркази фиқҳу ҳадис дар ҷаҳони ислом ба шумор мерафт ва аҳли фазлу илм аз ҳар сӯе ба он ҷо раҳли сафар мебастанд, илми дин омӯхт ва аз маҳофили илмии шахсиятҳое, ба монанди имом Зӯҳрӣ, Рабеа ибни Абдурраҳмон маъруф ба Рабеаи Раъй ва дигарон истифода кард. Вай пас аз чанде дар он ду илм ба яке аз марҷаъҳои муҳимми дин ва асотин (пояҳо, сутунҳо)-и ислом табдил ёфт ва дар масҷиди набавӣ барои тадрис ва фатво нишаст.

Вай нахустин шахсияте дар ҷаҳони Ислом буда, ки дар илми ҳадис китобе бо номи Муваттаъ таълиф намудааст. Ӯ ин китоби арзишмандро дар муддати чиҳил сол таълиф ва тадвин кард ва он яке аз муътамадтарин мароҷеи суннати набавӣ дар ҷаҳони ислом ба шумор меравад.

  • Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ. Қисмати ибодот ва аҳволи шахсӣ. — Душанбе: «Сифат-Офсет», 2017. — 992 с. — ISBN 978-99975-806-6-5.
  • Абу Захра, Мухаммад. Тарих аль-Мазахиб. Каир: Дар аль-фикр аль-арабий, б.г.(ар.)