Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Майкл Кларк Дункан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Майкл Кларк Дункан
англ. Michael Clarke Duncan
Таърихи таваллуд 10 декабри 1957(1957-12-10)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 3 сентябри 2012(2012-09-03)[1] (54 сол)
Маҳалли даргузашт
Шаҳрвандӣ
Пеша ҳунарпешаи синамо, мазҳакабоз, садопеша, ҳунарпешаи телевизиюн, ҳунарпеша, basketball player, bodyguard
Солҳои фаъолият аз 1995
Ҷоизаҳо
IMDb ID 0003817
 Парвандаҳо дар Викианбор

Майкл Кларк Дункан (англ. Michael Clarke Duncan; 10 декабри 1957, Чикаго — 3 сентябр 2012, Лос-Анҷелес) — ҳунарпешаи амрикоӣ. Ӯ бештар ба хотири ҳузур дар филми «Бебок» ва бозӣ дар нақши Ҷон Кофӣ, дар филми «Масири сабз» шинохта мешавад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Майкл Кларк Дункан 10 декабри 1957 дар Чикаго дар иёлати Иллинойси Иёлоти Муттаҳида зода шуд. Дункан бо Брюс Уиллис дар филмҳои «Армагеддон», «Сайёраи маймунҳо» ва «Шаҳри гуноҳ» ҳамбозӣ буд. Дункан, ки 196 сантиметр қад дошт, ба далели ҷуссаи дурушт ва хусусиёти вижаи физикӣ ифогари нақшҳои мухталифе дар Ҳолливуд буд.

Франк Дарабонт, коргардони филми «Масири сабз», дар бораи Дункан гуфт: «Ӯ яке аз беҳтарин инсонҳое буд, ки ман бо онҳо кор карда будам.» Ӯ пеш аз бозигарӣ, муҳофизи бозигароне чун Уилл Смит ва Ҷейми Фокс буд.[4]

Дар 13 июли 2012, баъд аз як ҳамлаи қалбӣ, Дункан дар бемористон бистарӣ шуд.[5] Расонаҳо эълом карданд, ки дӯстдухтари ӯ, Омароса, қаблан саъй карда буд то ҷони ӯро бо истифода аз равиши эҳёи қалбии риявӣ наҷот диҳад.[6] Дар 6 август, сухангӯи Дункан, Ҷой Феҳилӣ, баёнияе мунташир кард, ки дар он навишта буд, ӯ ба бахши муроқибатҳои вижа мунтақил шуда, вале ҳанӯз бояд дар бемористон бистарӣ бимонад. Дункан 3 сентябри 2012 дар 54-солагӣ дар Лос-Анҷелес даргузашт.

  1. 1 2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. filmportal.de — 2005.
  3. Deutsche Nationalbibliothek Record #142222402 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
  4. Michael Clarke Duncan, 54, Remembered as Actor and Bodyguard(англ.). The Rockland County Times | Rockland County's Source for Real News Since 1888 (6 September 2012). 4 сентябри 2025 санҷида шуд.
  5. 'Green Mile' actor Michael Clarke Duncan in ICU after heart attack(англ.). Los Angeles Times (13 July 2012). 4 сентябри 2025 санҷида шуд.
  6. How CPR Helped Save Michael Clarke Duncan From Cardiac Arrest(англ.). HuffPost (16 July 2012). 4 сентябри 2025 санҷида шуд.