Jump to content

Майкл Ҳиггинс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Майкл Ҳиггинс
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-ga" does not exist.
аз 11 ноябри 2011
Пешгузашта Мэрӣ Патрисия Макэлис
2003 — 2011
Пешгузашта Де Росса
Ҷонишин Силе де Валера
парчам
Вазири фарҳанг, санъат ва забони гэлӣ
парчам
12 январи 1993 — 26 июни 1997
Пешгузашта Ҷон Патрик Уилсон
Патрик Ахерн
Ҷонишин Силе де Валера
парчам
Мири Голуэй
парчам
декабри 1982 — декабри 1983
Пешгузашта Ҷон Патрик Уилсон
Патрик Ахерн
Ҷонишин Силе де Валера
парчам
вакили Дойл Эрен
парчам
17 феврали 1987 — 25 феврали 2011
Пешгузашта Финтан Кугани хурдӣ
Ҷонишин Дерек Нолан
Пешгузашта вазифа таъсис ёфт
Ҷонишин Финтан Куган, хурдӣ
23 феврали 1983 — 3 апрели 1987

Таваллуд 18 апрел 1941(1941-04-18)[1][2][3][…] (83 сол)
Ҳамсар Sabina Higgins[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод котулисизм[d]
Соядаст
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ Хатои Lua: expandTemplate: template "ref-ga" does not exist.
 Парвандаҳо дар Викианбор

Майкл Дэниел Ҳиггинс (таваллуд 18 апрели 1941, Лимерик) — сиёсатмадори ирландӣ, шоир, нависанда, ҷомеашинос ва ровии телевизион[4]. Вай нуҳумин президенти Ирландия дар интихоботи президентии 27 октябри 2011 баргузоршуда, ки дар он номзади ҳизби коргар буд интихоб гардид.[5]

Аз аввали солҳои 70-ум фаъолона дар сиёсат ширкат варзида, солҳои 1982—1983 ва 1991—1992 мири шаҳри Голуэй, солҳои 1993—1997 ҳамчун вазири санъат, фарҳанг ва забони гэлӣ[6], солҳои 2003—2011 Раиси ҳизби лейбористӣ кор кардааст.⁹

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳиггинс 18 апрели соли 1941 дар Лимерик таваллуд шудааст[7]. Падари ӯ Ҷон Ҳиггинс лейтенант дар артиши ҷумҳуриявии Ирландия буд. Ҷон Ҳиггинс ҳамроҳ бо бародаронаш Питер ва Майкл иштирокчиёни фаъоли Ҷанги Истиқлоли Ирландия буданд.

Ҳангоми донишҷӯӣ дар Донишгоҳи Миллии Ирландия дар Гэлуэй, ӯ муовини аудитор шуд ва соли 1964 аудитори клуби адабиёт ва баҳси донишҷӯён интихоб шуд. Инчунин, дар солҳои 1964—1965 ӯ президенти Иттифоқи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Ирландия дар Голуэй буд. Соли 1967 ӯ аз Донишгоҳи Индиана дар Блумингтон дараҷаи магистрро соҳиб мешавад[8]. Фаъолияти илмии ӯ бо Донишгоҳи Миллии Ирландия дар Голуэй алоқаманд аст, ки дар он устоди кафедраи сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ва инчунин профессори меҳмон дар Донишгоҳи ҷанубии Иллинойс (Карбондейл, ИМА) буд.

Вай ду забони расмии Ирландия, ирландӣ ва англисиро[9] ва инчунин бо испаниро хуб медонад[10].

Касби сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сенад Эрен ва Дойл Эрен

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳиггинс ҳамчун як донишҷӯи Донишгоҳи Миллии Ирландия дар Голуэй ба Фианна Файл пайваст, аммо ба зудӣ ба Ҳизби Лейборист гузашт ва аз он ҷо вай дар интихоботи умумӣ барои парлумони Ирландия (Эрахтас) дар солҳои 1969 ва 1973 ширкат варзид, аммо, дар ҳарду ҳолат, номуваффақ гашт[11].

Дар соли 1973, Лиам Косгрейв Ҳиггинсро аъзои Сенати Ирландия, палатаи болоии парламенти Ирландия (Сенад Эрен) даъвати 13 аз Донишгоҳи Миллии Ирландия таъйин мекунад.

Аввалин бор ба палатаи намояндагони Ирландия, палатаи поёнии парламенти Ирландия (Дойл Эрен) соли 1981 аз ҳизби лейборист интихоб шуд, моҳи феврали соли 1982 дубора интихоб шуд, аммо моҳи ноябри соли 1982 курсии худро аз даст дод. Вай дубора ба Сенат баргашт.

Солҳои 19821983 ва 19911992 мири шаҳри Гелуэй буд.

Соли 1987 ғолиб омада, ӯ боз узви палатаи намояндагони Ирландия (Дойл Эрен) аз ҳавзаи интихоботии Голуэй Ғарб мешавад ва то соли 2011 вакил боқӣ мемонад[12].

Вазири санъат, фарҳанг ва забони гэлӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳиггинс охирин вазири корҳои забони галикӣ буд, ки соли 1993 ба ин вазифа таъйин шуд ва як сол кор кард, то он даме ки вазорат бо Вазорати санъат ва фарҳанг якҷоя шуд, сипас то соли 1997 ҳамон хел боқӣ монд[13]. Дар давоми вазифаи вазирӣ, ӯ андешаи худро дар бораи бекор кардани сензураи муқаррарнамудаи боби 31 Қонуни телевизион ва радио, барои мустаҳкам кардани соҳаи кинои Ирландия изҳор дошт, Шӯрои филмҳои ирландиро барқарор кард ва забони ирландиро ба сатҳи шабакаҳои телевизионӣ баровард, ташкили канали телевизионии Teilifís na Gaeilge (баъдтар TG4 ном гирифт)-ро ба уҳда гирфт[14]. Ҳиггинс хоҳиши худро барои номзад шудан ба ҳизби лейборист дар интихоботи президентии 24 октябри соли 2004 изҳор дошт. 16 сентябри соли 2004, ҳизб бо иштироки Ҳиггинс дар интихобот мухолифат кард.

Моҳи сентябри соли 2010, Ҳиггинс эълом дошт, ки манфиатдор аст дар соли 2011 аз Ҳизби Коргарӣ (Лейбористӣ) ба мақоми президентӣ номзад шавад. Вай инчунин ишора кард, ки як давраи ҳафтсола ба ҳайси президенти Ирландия кор хоҳад кард ва барои бори дуввум номзад нахоҳад шуд, гарчанде ки ин ҳуқуқи конститутсионӣ дорад.

Вай дар як анҷумани вижа дар Дублин рӯзи 19 июни 2011 ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ интихоб шуда, сенатори собиқ Кэтлин ОМеара ва мушовири собиқи ҳизб Фергус Фейнлиро шикаст дод. Ҳиггинс эълом дошт, ки вай президенти бетараф хоҳад буд ва ба «хидматгор» -и Ҳукумат табдил нахоҳад ёфт.

29 октябри соли 2011, ду рӯз пас аз интихоботи президентӣ, Ҳиггинс бо гирифтани 1.007.104 овоз (56.8 %) Президенти Ирландия эълон шуд, ки ин аз ҳама сиёсатмадорони ирландӣ дар таърихи ҷумҳурӣ хеле зиёд аст.

Ҳиггинс моҳи апрели соли 2014 дар доираи сафари аввалини давлатии худ ба ҳайси сарвари интихобшуда ба Бритониё ташриф овард[15]

26 октябри соли 2018, Хиггинс бори дуюм президенти Ҷумҳурии Ирланд интихоб шуд[16][17].

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
  2. 2.0 2.1 Wallenfeldt J. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  4. Who is Michael D Higgins?, BBC (28 октябри 2011).
  5. Президентские выборы в Ирландии выиграл 70-летний поэт, Лента.ру (29 октябри 2011).
  6. База данных депутатов Ойряхтаса, Лента.ру (21 сентябри 2010).
  7. Пусть к президентству Майкла Хиггинса, Айриш Тайм (25 июни 2011).
  8. Пресс-релиз. Поздравление от выпускников Индианского университета, Сайт Индианского университета (31 октябри 2011).
  9. Обзор кандидатов на пост Президента Ирландии, Индепендент Айриш (29 сентябри 2011).
  10. Президент Ирландии провел три недели изучая испанский язык в UIMP, Международный Университет Menéndez Pelayo (25 августи 2012). Бойгонӣ шудааст 8 май 2014  сол. Проверено 2 июли 2016.
  11. Майкл Хиггинс, участие в выборах, Выборы в Ирландии.
  12. Берк заявил, что не будет баллотироваться на следующих выборах, Айриш Таймс (26 ноябри 2010).
  13. Лейборист Майкл Хиггинс избран президентом Ирландии, Русская служба Би-би-си (29 октябри 2011).
  14. Биография Президента Ирландии Майкла Хиггинса, Официальный сайт президента Ирландии president.ie (30 октябри 2011).
  15. Историческая встреча: Елизавета II приняла президента Ирландии, HELLO.RU (9 апрели 2014). Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2020  сол. Проверено 3 марти 2021.
  16. Higgins wins second term as Irish president(англ.), BBC News (28 October 2018). Проверено 29 октябри 2018.
  17. Желтов М. В. Ирландия: переизбрание Хиггинса и легализация богохульства. ИнтерИзбирком. Информационно-аналитический портал о выборах в мире (26 Декабри 2018). 26 Декабри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 Декабри 2018.