Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Таҳмадор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Таҳмдор)
Таҳмадор
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: تهمه‌دار
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Таҳмабон
Дараҷаи пойинтар Размсоз
Ҳамто

Таҳмадор (форсӣ: تهمه‌دار) — дараҷае афсарӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз размсоз ва пойинтар аз таҳмабон дорад ва баробар бо новбон севум дар нерӯи дарёӣ аст; лейтенанти хурд[1].

Размпоягон
кеҳтар:
Размсоз

Таҳмадор
меҳтар:
Таҳмабон

Таҳмадор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии фармондеҳи таҳмаро дорад, ки якони тактикиест, ки аз ду ё чанд разма ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста[2], взвод[3].

Таҳмадор аз паҳлавӣ: tagmadārфармондеҳи таҳма’ дар сипоҳи Ашкониён навгузиниш шуда, ки дар сафолнавиштаҳои бойгонии Ашкониён аз шаҳри бостонии Нисо бозхонӣ шуда ва онро вомвожа аз юнонии бостон донистаанд:

паҳлавӣ: tagmadār < юн.-қад. τάγματάρχηςфармондеҳи тагма’ < юн.-қад. τάγμαтаҳма’ + паҳлавӣ: -dārдоранда; фармондеҳ[4]

«Таҳмадор» исмест, ки бо равиши вожасозии таркиб аз [исм (таҳма) + пасванд (-дор)] сохта шудааст:

таҳманерӯ(порсии миёна: tahmнерӯманд’ < порсии бостон: *taxma-таковар’ < √*tak-тохтан[5]) + -дорнигаҳдоранда(< порсии миёна: *dār < порсии бостон: *dār(a)- < *dārai̯a- «доштан; доранда»[5])

Вожаҳои порсии бостон: *kāra-daranaka-дорандаи сипоҳ[5], паҳлавӣ: tagmadār, форсӣ: сипаҳдор, лашкардор, дарёдор, новдор ва размдор низ бо ҳамин равиш сохта шудаанд[6].

«Сипаҳдор ё сипоҳдор» низ аз истилоҳоти куҳани низомӣ ва мутародиф бо «сипаҳсолор» ва «фармонраво; подшоҳ» аст ва «сипаҳдорӣ» низ «амали сипаҳдор, сардории сипоҳ, фармондеҳӣ»-ро мегуфтанд[7]. Чунончи, Фирдавсӣ «сипаҳдор»-ро дар «Шоҳнома» ба маънои «фармондеҳи сипоҳ» бисёр ба кор бурдааст:

Таҳамтан ҳамон гаҳ забон баркушод,
Паёми сипаҳдори Эрон бидод[8].

Сипаҳдори Турон чу з-он гуна дид,
Сабук сар аз он ҷанг берун кашид[8].

«Лашкардор» низ аз истилоҳоти куҳани низомӣ ва ба маънои «идоракунанда ва фармондеҳи лашкар» аст ва «амалу шуғли лашкардор; нигаҳдории лашкар; фармондеҳии лашкар»-ро «лашкардорӣ» мегуфтанд[9]. «Лашкардор» дар «Марзбоннома» ба маънои «фармондеҳи лашкар» ба кор рафтааст:

«Корҳои мамлакат ба мардони кору лашкару лашкардор рост ояд»[10].

«Таҳмадор» ба маънои “фармондеҳи таҳма” навгузиниш шуда ва мақоми созмонии ӯро дар силсиламаротиби низомӣ бозтоб медиҳад.

Бино бар ин пешина ва додаҳо, «таҳма» ба ҷои «взвод» ва «таҳмадор» ба ҷои «лейтенанти хурд» (аз олмонӣ: Leutenant > фр. lieutenant «ҷонишин») ва дар пайравӣ аз он вожаҳои «таҳмабон» ва «таҳмабад» сохтаву барои ҷойгузинии дараҷаҳои низомии «лейтенант» ва «лейтенанти калон» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[11].

Таҳмадор ҳамчун симати низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224) пайдо шудааст. «Тагма» (юн.-қад. «τάγμα») дар сипоҳи подшоҳии Руми Шарқӣ яконе номида мешуд, ки 100 — 500 сарбозро дар бар мегирифт[12]. Ин истилоҳ дар паи ҷангҳои доманадори Руму Эрон дар замони Ашкониён аз румиён вом гирифта шуда ва дертар бо вожаи паҳлавӣ: tahmīhнерӯманд, диловар, далер, чобук’ (аз эронии бостон: *taxma- > √*tak-тохтан, давидан’ < порсии миёна: tahm > форсӣ: تهم [таҳм] ‘зӯрманд, паҳлавон[5]) инҳамон ва бо «нерӯ» мутародиф гаштааст[13].

Дар сипоҳи Сосониён (224651), ки созмони бахшбандии даҳгониро аз сипоҳи Ашкониён ба ирс бурда буд[14], низ яке аз ягонҳо «таҳм» (порсии миёна: tḥmy) ном доштааст[15]. Ҳар таҳма 50 — 100 сарбозро дар бар мегирифта ва аз чанд рада (порсии миёна: radag) ташкил мешуда, ки ҳар кадоме 10 сарбоз доштааст[16].

Ному нишони таҳмадор дар нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ҷаҳон

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»(пайванди дастнорас)
  2. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 9 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  3. Коллектив авторов. Том 2, статья «Взвод» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. М.: Воениздат, 1994. — С. 85. — 544 с. 10 000 экз. ISBN 5-203-00299-1.
  4. Лившиц В. А. Парфянская ономастика. – СПб.: - Петербургское лингвистическое общество, 2010. – 400 с., ил. – (Азиатика). ISBN 978-5-4318-0006-1. – сс. 13; 223
  5. 1 2 3 4 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-56-9. — ҷ. 2, с. 923—924
  6. Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45
  7. Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 – . 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра). ҷ. 5, с. 4034
  8. 1 2 Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2007. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 2. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5.
  9. Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 – . 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра).
  10. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо. – Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо, Муассисаи интишороту чопи Донишгоҳи Теҳрон, Эрон: Табаъаи “Ҷадид”, 1399 – 15 ҷ. ISBN 964-03-9617-6. 14 марти 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 августи 2024.
  11. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  12. Ҳамакнун ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Юнон гурдон ба забони юнонӣ «τάγμα» ва саргурд ё майор «τάγματάρχης» номида мешаванд.
  13. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 354 – 355
  14. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  15. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 24 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
  16. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360—464.
  17. Azərbaycan Respublikası Silahlı Qüvvələri hərbi qulluqçularının hərbi geyim forması və fərqləndirmə nişanları haqqında Əsasnamə(озарб.). mod.gov.az 64–70. Ministry of Defense (25 June 2001).
  18. Указ Президента Республики Беларусь от 21.07.2009 N 388 "О военной форме одежды, знаках различия по воинским званиям и внесении дополнений в Указ Президента Республики Беларусь от 9 июня 2006 г. N 383"(рус.). pravo.levonevsky.org/. Government of Belarus.
  19. Akta angkatan bersenjata diraja Brunei (Penggal 149) (ms). agc.gov.bn 1999–2000 (16 December 2013).
  20. Кыргыз Республикасынын жарандарынын жалпыга бирдей аскердик милдети жөнүндө, аскердик жана альтернативдик кызматтар жөнүндө(қирғ.). cbd.minjust.gov.kg/. Ministry of Justice (Kyrgyzstan) (9 February 2009).
  21. Pangkat (ms). mafhq.mil.my. Malaysian Armed Forces. 24 марти 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 апрели 2020.
  22. Указ Президента Российской Федерации от 11 марта 2010 года № 293 "О военной форме одежды, знаках различия военнослужащих и ведомственных знаках отличия"(рус.). rg.ru. Российской газеты (12 March 2010).
  23. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЎҲДАДОРИИ УМУМИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ(тоҷ.). majmilli.tj. The National Assembly of the Republic of Tajikistan (13 April 2017). 24 марти 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 октябри 2017.
  24. TÜRKMENISTANYŇ KANUNY Harby borçlulyk we harby gulluk hakynda (Türkmenistanyň Mejlisiniň Maglumatlary 2010 ý., № 3, 58-nji madda) (Türkmenistanyň 01.10.2011 ý. № 234-IV Kanuny esasynda girizilen üýtgetmeler we goşmaçalar bilen)(туркман.). milligosun.gov.tm 28–29. Ministry of Defense (Turkmenistan).
  25. НАКАЗ 20.11.2017 № 606(укр.). zakon.rada.gov.ua. Ministry of Justice of Ukraine (13 December 2017).