Маликшо Шарипов
Маликшо Бобоназарович Шарипов | |
Таърихи таваллуд | 7 июн 1951 (73 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Маликшо Бобоназарович Шарипов (зод. 7.06.1951, Душанбе) — муаррих, номзади илмҳои таърих (1989), дотсент (2010).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1972 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1972—1978 муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи № 36 ноҳияи Кофарниҳон ва мактаби миёнаи № 68 ш. Душанбе, 1978—1998 муаллим, муаллими калон ва дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ ва кафедраи таърихи сиёсӣ, 1998—2002 муовини декани факултети таърих оид ба корҳои илмӣ, 2004—2008 мудири кафедраи байнифакултетии таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Солҳои 2008—2009 ҳамчун сармутахассиси Хадамоти давлатии назорати таълими Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2009 то ба имрӯз мутахассиси пешбари Хадамоти назорати сифати таълими донишгоҳи омӯзгорӣ ва ҳамзамон дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики донишгоҳи мазкур аст. Муаллифи 5 дастури таълимӣ ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Оид ба фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар давраи истиқлол кори илмӣ бурдааст. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2003) сарфароз карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, Д., 2002, № 3;
- Иттифоқҳои касаба кафили ҳифзи ҳуқуқи меҳнаткашон // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, Д., 2003, № 4;
- Академик Б. Ғафуров таҳкимгари Институти шарқшиносии АФ СССР // Дар кит. Бобоҷон Ғафуров ва рушди таърихнигории миллӣ, Д., 2010.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Зодагони 7 июн
- Зодагони соли 1951
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои илм
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон