Малик Гиёев
Таърихи таваллуд | 20 сентябр 1920 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Ғарм, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 20 сентябр 1993 |
Маҳалли даргузашт | деҳаи Малик Гиёев, ноҳияи Бохтар |
Пеша | пахтакор |
Ҷоизаҳо |
Малик Гиёев (20 сентябри 1920, ноҳияи Ғарм, ҶШС Тоҷикистон — 20 сентябри 1993, деҳаи Малик Гиёев, ноҳияи Бохтар) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1947).
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1934-50 колхозчӣ, муҳосиб, котиби идораи колхоз, мудири анбор, сардори звено, агротехники к-зи «Политотдел», 1950—1953 шунавандаи Мактаби кадрҳои колхозӣ, 1953—1960 агроном, ҷонишини раиси колхоз, агроном-энтомолог, мудири қитъаи кишоварзии к-зи ба номи В. И. Ленин, 1960—1964 агроном, сардори бригадаи сабзавоткории к-зи ба номи К. Маркс, 1965—1971 агрономи Стансияи таҷрибавӣ, 1971—1979 раиси шаҳраки Бӯстонқалъа, директори хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Қӯрғонтеппа буд. Аз соли 1980 нафақагири шахсӣ.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени Ленин ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Некдошт
[вироиш | вироиши манбаъ]Собиқ деҳаи Политотдели ноҳияи Кӯшониён номи Малик Гиёевро дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гиёев Малик // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.