Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдмон
Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор

Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Ҳисор — соли 2011 дар ноҳияи Ҳисор таъсис ёфтааст. Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Ҳисор тобеъи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аст.[1] Мамнӯъгоҳ дорои ёдгориҳои таърихии - Қалъаи Ҳисор, Мадрасаи Кӯҳна, Мадрасаи Нав, Мақбараи Кӯҳна ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ҳисор мебошад.[2]

3000 солагии Ҳисор[вироиш | вироиши манбаъ]

Мамнуъгоҳ соли 1982 дар ҳудуди 22 га дар қитъаи зебоманзари водии Ҳисор воқеъ гардидааст. Ин марз бостонист ва зиёда аз 3000-сол қабл ин ҷо маркази тамаддуни волое арзи ҳастӣ дошт. Дар ин ҷо олимони бостоншиносу таърихнигор бо ҳафриёту тадқиқоти илмию амалӣ машғуланд. Натиҷаи бозёфтҳои олимон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Қалъаи Ҳисор таърихи тӯлонӣ дошта, аз қарнҳои биринҷӣ маншаъ мегирад ва аз 9 қабати таърихӣ иборат аст. Ёдгориҳои таърихию меъморие, ки то ба имрўз симои аслии хешро маҳфуз доштаанд, бунёдашон аз қарни XI-и пеш аз мелод оғоз гирифта, то садаи XIX думбола мегирад. Майдони Регистонро ду мадраса, Мадрасаи Кӯҳна ва Мадрасаи Нав, Корвонсарой, дарвозаи Арк, девори мудофиавии Ҳисор ва Таҳоратхона иҳота кардааст. Дуртар аз майдони Регистон дар қисми ҷанубӣ мақбараи Махдуми Аъзам, дар қисмати ҷанубу шарқӣ масҷиди Сангин, масҷиди Одина, масҷид ва мадрасаи Чашмаи Моҳиён воқеанд.

Шаҳри Ҳисор то инқилоби Октябр маркази Бухорои Шарқӣ ба шумор мерафт. Соли 1924 аз назди дарвозаи Арки Ҳисор эъломияи Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Тоҷикистонро хонданд ва Душанбе марказ эълон карда шуд. Шаҳри асримиёнагии Ҳисор дар масофаи 10 км бо девор ва хандақи васеи пур аз об иҳота шуда буд. Шаҳр чор дарвоза дошт. Аз қисмати ҷанубии шаҳр дарвоза бо номи «Шакарӣ», зеро дар ин қисмат одамони ба қаннодӣ машғулбуда зиндагонӣ мекарданд. Аз қисмати ғарбии шаҳр дарвоза бо номи «Чангоб», зеро аз ин тараф дарёи Чангоб мегузашт. Аз қисмати шимолу шарқии дарвозаи «Чашмаи Моҳиён», дар он ҷо чашмаи обест, бо номи «Чашмаи Моҳиён» ва қисмати шарқии шаҳр бошад, дарвозае будааст, бо номи дарвозаи «Хоки Сафед», дар он ҷо теппаест бо номи теппаи Хоки Сафед.

Баландии девори атрофи шаҳр 5-8 метр, паҳноии девор 4-5 метрро ташкил медод, ки мир шаб бо аспу ароба болои девор гашту гузор намуда, атрофи шаҳрро назорат мекард. Дар ду тарафи дарвозаи асосии арк ду бурҷи баланди мудаввар қад афрохтаанд, ки ғафсии деворҳояшон зиёда аз як метр мебошад. Бурҷҳо ҳаштогӣ тиркаш доранд. Дар пешорӯи дарвоза ду тарафи он суфаҳои калон мавҷуданд, ки дар ин ҷо тўпҳо меистоданд. Баъди аз дарвозаи Арк гузаштан дар ду тарафаш қаровулхонаҳоро мебинем. Пас аз убури миёнсарои дар самтҳои чапу рости Арк ду хоктудаи азим ба чашм мерасанд. Дар ин ҷо зиндонҳо будаанд. Дар яке аз ин зиндонҳо сарвари шўриши машҳури халқӣ бар зидди золимони манғит ҷувозкаши балҷувонӣ Восеъ ҳангоми ба Шаҳрисабз барои қатл бурданаш маҳбус буд. Дар тали баландтарини тарафи рости қалъа қароргоҳи ҳоким буд. Қисмати ғарбии начандон баланди қалъаро «Уштурхона» ном мебурданд. Дар ин ҷо аспу уштурҳоро нигоҳ медоштанд. Дар қисмати шимолии қалъа майдони мудаввар воқеъ мебошад, ки «Аскархона» ном дошт. Дар қисмати ғарбии Аскархона дарвозае будааст ва аз ин ҷо ба дохили қалъа озуқаворию молҳои хоҷагӣ ворид мекардаанд.[3] Мадрасаи Кӯҳна дар муҳофизати давлат мебошад. Таҳти назари олимону мутахассисони Академияи илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар аз ҷониби бинокорони моҳир барқарорсозии симои таърихии ин ёдгории бостонӣ ба роҳ монда шудааст. Ба муносибати таҷлили 3000 солагии Ҳисор, соли 2015 дар ҷараёни барқарорсозӣ деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, чойхона бо 100 ҷойи нишаст, ҳавзи дохил, 6 адад айвони суҳбатгоҳ, сарбозхона, амфитеатр бо 700 ҷойи нишаст, 10 адад дӯконҳои гуногун барои ҳунармандон ва дигар иншооти дорои аҳамияти таърихии он бунёд ва навсозӣ шудаанд.[4]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Осорхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол: Феҳристи адабиёт / Мураттиб ва муаллифи мақолаи муқаддимавӣ Ф. Шарифзода; Муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Бухоро, 2013. – 224 с.– Матн ба заб. тоҷ. ва русӣ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]