Марворид Қосимова
русӣ: Касымова Маргарита Наимовна | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Қосимова Марворид Наимовна |
Таърихи таваллуд: | 10 апрел 1938 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 4 июн 2024 (86 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, коргардони филм, филмноманавис |
Корнома: | аз 1967 |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0441063 |
Марворид Қосимова (Қосимова Марворид Наимовна, русӣ: Маргарита Наимовна Касымова; 10 апрел 1938, Сталинобод — 4 июн 2024, Минск) — ҳунарпешаи тоҷик, шӯравӣ ва белорус, коргардони филм, филмноманавис. Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1976).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Марворид Қосимова 10 апрели 1938 дар шаҳри Сталинобод ба дунё омадааст[1]. Институти давлатии умумиитифоқи кинематографияи шаҳри Маскавро соли 1962 ба итмом расонда, қариб 30 сол дар «Тоҷикфилм» ба сифати коргардон кор кардааст.
Ӯ дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кишварро тарк кард ва 30 соли охир дар Белорус зиндагӣ мекард. Вай дар шаҳри Минск ҳам ба фаъолияти эҷодии хеш идома дода, корманди “Белорусфилм” буд ва дар ин кишвар низ қариб 10 филми бадеиву ҳуҷҷатӣ сабт кардааст.
Ҳамчунин, дар Белорусия ба фаъолияти педогогӣ машғул шуда, коргардонҳои ҷавонро тарбия мекард[2].
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳангоми донишҷӯӣ (соли 1959) филми ҳуҷҷатии «Қалби яқини Помир» — ро таҳия кард, ки писанди умум афтод. Минбаъд филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатиро якзайл таҳия намудааст.
Филмҳои бадеӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Филмҳои бадеиаш — «Тобистони соли 43-юм», «Ҷӯра-Саркор», «Роҳҳо гуногун мешаванд», «Чор нафар аз Чорсанг» (2 қисм), «Бофандадухтар», «Буд-набуд, дар синфи якум буд», «Имрӯз ва ҳамеша», «Чашмаи гуё», «Пайи динозавр куҷо мебарад?», «Марди мутааллиқи ду зан», «Ишқ баъди сад сол» дар кинои тоҷик ҷои хос доранд.
Филмҳои ҳуҷҷатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Филмҳои ҳуҷҷатии «Бародари ман Ғулом», «Ибни Сино», «Зебо», «Сарчашма», «Саҳифаҳои албоми куҳна», «Кишвари ман», «Роҳи баробари умр», «Бо роҳи охирин», «Фарёд», «Роҳи сафед» ва ғайраҳо аз маҳорати баланди таҳиягариаш дарак медиҳад. Бисёр сужаҳои киножурнали ҳаҷвии «Калтак»-ро коргардонӣ кардааст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Марворид Қосимова 4 июни 2024 дар шаҳри Мински Белорус дар 86-солагӣ даргузашт[2].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ СБ-Беларусь сегодня. Режиссер Маргарита Касымова: я за хорошее кино, под каким бы ракурсом оно ни подавалось(рус.). www.sb.by (9 ноябри 2016). 5 июни 2024 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 Меҳрофарин Наҷибӣ. Даргузашти Марворид Қосимова, аввалин зани коргардони тоҷик. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (5 июни 2024). 5 июни 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Маргарита Касымова(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database
- Маргарита Касымова дар вебгоҳи КиноПоиск
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 10 апрел
- Зодагони соли 1938
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Даргузаштагони 4 июн
- Даргузаштагони соли 2024
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Феҳристи ҳунарпешагон
- Синамогарони Тоҷикистон
- Ҳунарпешазанҳои Тоҷикистон
- Занон-коргардонҳои синамои Тоҷикистон
- Мақолаҳои хурд Мақолаҳои хурд коргардони филм