Маргарита Алигер Иосифовна
русӣ: Маргари́та Алиге́р | |
Таърихи таваллуд: | 17 октябр 1915 |
Зодгоҳ: | Одесса |
Таърихи даргузашт: | 1 август 1992 (76 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Москва |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Солҳои эҷод: | 1933 — 1992 |
Самт: | шоир |
Жанр: | шеър ва шеър[d] |
Забони осор: | русӣ |
Ҷоизаҳо: |
Алигер Маргарита Иосифовна (7 октябри 1915, Одесса — 1 августи 1992, Москва) — шоира, тарҷумони рус.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Алигер Маргарита Иосифовна хатм кардаи Институти адабиёти ба номи М. Горкий (1937). Шеърҳои нахустинаш соли 1933 ба табъ расиданд. Маҷмӯаи аввалинаш «Соли таваллуд» (1938). Алигер дар тӯли ҳаёти эҷодиаш ҳамқадами замон буд. Дар шеърҳои солҳои 30 садаи XX эҷодкардааш ба мавзӯи ҳаёти ҷавонони пешқадаму бунёдкори ҳаёти нав, баъдан ба мавзӯи ҶБВ (1941—1945) муроҷиат карда, корнамоиҳои халқи шӯравиро дар ҷанг ва ақибгоҳ тасвир намудааст.
Дар достони «Зоя» (1942; Мукофоти давлатии СССР, 1943) симои қаҳрамондухтари 18-сола — Зоя Космедемянскаяи москвагиро, ки фашистон ба дор кашида буданд, моҳирона, пуртаъсир ва барҷаста офаридааст. Достони «Ғалабаи ту» (1945) низ асари қаҳрамонист. Алигер чун тарҷумони осори беш аз 40 шоири дунё — аз шоирони ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС ва хориҷӣ шуҳрат дорад. Алигер аз эҷодиёти шоирони тоҷик баъзе шеърҳои Ҳилолӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, А. Шукӯҳӣ ва дигаронро ба русӣ гардондааст. Асарҳои тарҷумакардаи Алигер дар маҷмӯаи «Ҷаҳони бекарон» («Огромный мир») фароҳам омадаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Алигер Маргарита Иосифовна // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Зодагони 17 октябр
- Зодагони соли 1915
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Одесса
- Даргузаштагони 1 август
- Даргузаштагони соли 1992
- Даргузаштагони Москва
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Дорандагони ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Адибон аз рӯи алифбо
- Шоирони Русия