Масҷиди Қарамиршикор
Масҷид | |
Кишвар | |
---|---|
Сабки меъморӣ | Меъмории исломӣ |
Масҷиди Қарамиршикор — яке аз масҷидҳои куҳани шаҳри Душанбе, дар маҳаллаи Қарамиршикор ҷойгир буда, бо номи маҳаллаи мазкур маъруф буд.
Солҳои 1947—1950 ҳамчун масҷиди панҷвақта амал мекард. Аз соли 1950 — масҷиди ҷомеъ. Аз ибодатгоҳ ва айвонҳои паҳлуӣ иборат аст. Чаҳор сутуни кандакорӣ дорад. Болои меҳроб бо нақшҳои росткунҷаву нимдоира музайян аст. Сутунҳои айвони шарқӣ кандакорӣ шудаанд. Охири солҳои 80 бо мақсади васеъ кардани масҷид аз тарафи девори ғарбии он боз як ибодатгоҳи 4сутуна бино карда, дар кунҷаш минбар сохтаанд. Сутунҳои иморати нав кан да корӣ шудаанд. Ду сутунбоша дошта, танаашон дар шакли «кӯза» ва «мадохил» тарошида шудаанд. Сақфи бино пуророиш аст. Кодокҳо бо ҳошияҳои кандакорӣ ва нақшҳо оро дода, деворҳо гаҷкорӣ шудаанд. Дарвозахона дар қисмати ҷанубу ғарбии бинои асосӣ ҷойгир буда, дар болояш гунбади калон сохта шудааст.
Масҷиди Қарамиршикор дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябри 2009 таҳти № 02/42 аз қайди баҳисобгирӣ гузаронида шуда, расман амал мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Масҷиди Қарамиршикор // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 419. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
- Антропогенные географические объекты по алфавиту
- ПРО:АГЕО:Размер статьи: менее 1000 символов
- ПРО:АГЕО:Последняя правка: в текущем году
- Википедия:Статьи о мечетях без категории на викианборе
- Википедия:Мечети без указанных географических координат
- Википедия:Мечети без указания конфессиональной принадлежности
- Масҷидҳо аз рӯи алифбо
- Масҷидҳои Душанбе