Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдмон
Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб
Кишвар
Макон Душанбе
Дата основания 1890
 Парвандаҳо дар Викианбор
Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб, шаҳри Душанбе
Даромадгоҳи Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб

Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб — масҷиди ҷомеъ, ёдгории меъмории ибтидои асри XX дар шаҳри Душанбе.

Масҷид дар маркази бахши куҳани шаҳр ҷойгир гашта буд. Масоҳати аввалаи ин масҷид на онқадар бузург буд, танҳо қисми чапи масҷиди имрузаро дар бар мегирифт. Солҳои 1905—1910 чун масҷиди гузар бино ёфта, баъдтар ба масҷиди ҷомеъ табдил шуд. Cолҳои 1920—1943 фаъолияташ бо сабаби динситезии режими комунистӣ қатъ гардида буд ва аз соли 1944 дубора фаъолияташ оғоз шуда то ба имрӯз фаъолият дорад[1]. Тармими нахустини масҷид соли 1956 анҷом дода шуд. Солҳои 80-уми қарни гузашта ба он хонақоҳи нав ва айвонҳо афзуда шуданд[2].

Дар ибтидо масҷид аз хонақоҳи яксутунаи начандон калони мураббаъ бо ду айвон аз самтҳои ҷанубу шарқ иборат буд. Сутуни марказии хонақоҳ шифти болордорро ба чор бахш ҷудо мекард. Болорҳо ба гунаи чорчиллик бар болои сутун мехобиданд. Сутуни бузургандоза бо нақшҳои носуфта кандакорӣ шуда буд. Минбаъд бо мақсади васеъ гардонидани намозгоҳ саҳни онро кушод карда, айвонҳои иловагӣ сохтанд ва биноҳои хоҷагӣ бунёд карданд. Аз самти шимоли хонақоҳи куҳан айвони сутундори Г-шакл тӯл кашидааст. Дар паси айвон дигар хонақоҳи Г-шакли шифти болордор ҷойгир шудааст, ки сутуни якқатора дорад. Аз тарафи шарқи саҳни масҷид бинои дуошёна бо қабулгоҳи имомхатиби масҷид ва меҳмонхона қомат афрохтааст. Илова бар ин, дар шафати саҳн таҳоратхона воқеъ гардидааст. Саҳни масҷид аз хишт ба шакли «арча» чида шудааст. Дар дарвозахона фароғи нимдоирае бар болои дарвоза намудор аст, ки дорои панҷараи чӯбини нақшин мебошад[2].

Масҷид яке аз намунаҳои ҷолиби ҳунари меъмории халқии маҳаллист ва борҳо таъмиру тармим шуда, айни ҳол бо воситаҳои замонавии мухобирот таҷҳизонида шудааст[3].

Таъмиру бозсозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Замони муфтигии Ҳоҷӣ Фатҳуллоҳхон Шарифзода дар соли 1994 бинои қадимаи масҷид аз байн бардошта шуд ва дар соли 1995 бинои асосии масҷиди нав дар ду ошёна бо гунбад ва биноҳои ду паҳлӯи масҷид сохта шуд. Бори аввал дар соли 1996 тармиму таъмири дохил ва деворҳои беруни масҷидро усто Саид Икроми конибодомӣ оғоз намуд ва замони фаъолияти раиси Маркази исломӣ будани Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Неъматзода дар соли 2009 ошёнаи аввал, фарш ва деворҳои даруну беруни масҷид ба пуррагӣ анҷом ёфт. Ва дар замони раисии Саидмукаррам Абдлуқодирзода солҳои 2010—2014 тармиму таъмири таҳхона ва ошёнаи дуюми масҷид ва таҳоратхонаи он, инчунин болопӯши биноҳои масҷид ва Маркази исломӣ ба пуррагӣ анҷом шуд[1].

Дар маcҷид солҳои тӯлонӣ қозиёт, сипас муфтиёт ва алҳол Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Дар шафати масҷиди ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб идораи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои уламо ҷойгир аст. Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб дар як вақт имкони гунҷоиши 10-12 ҳазор намозгузорро дорад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1.0 1.1 Масҷиди ҷомеи марказии ш. Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб. shuroiulamo.tj. Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26 Январ 2023 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 422. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
  3. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 558—360