Jump to content

Амонуллоҳ Неъматзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амонуллоҳ Неъматзода
Сурат
Таърихи таваллуд 5 октябр 1935(1935-10-05)
Зодгоҳ Обигарм, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 6 сентябр 2010(2010-09-06)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар

Амонуллоҳ Неъматзода (Қорӣ Амонуллоҳ Неъматзода; 5 октябри соли 1935, Обигарм6 сентябри соли 2010, Душанбе) — рӯҳонӣ ва шахсияти барҷастаи исломӣ, муфтии Тоҷикистон (19961997); раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон (19972010).

Зиндагинома

Амонуллоҳ Неъматзода 5 октябри соли 1935 дар деҳаи Бузургиёни собиқ ноҳияи Обигарм таваллуд шудааст. Маълумоти диниро дар назди волидон, баъдтар дар назди Қорӣ Ҳикматуллоҳ, Эшон Аҳмадхоҷа ва Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ гирифтааст[1].

Фаъолият

То соли 1983 ба ҳайси корманди одӣ дар муассисаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 1983 то соли 1989 ба ҳайси имоми панҷвақта дар масҷиди ҷомеи ба номи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз соли 1989 то соли 1993 имоми панҷвақтаи масҷиди ҷомеи ба номи ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархии ноҳияи Рӯдакӣ ва аз соли 1993 то соли 1996 ба ҳайси хатиби масҷиди ҷомеи мазкур кор кардааст. Аз соли 1996 то соли 1997 ба вазифаи Муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1997 ба вазифаи раиси Маркази исломӣ ва раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва то охири умри худ дар ин вазифа кор ва фаъолият кард[2].

Амонуллоҳ Неъматзода узви чандин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла узви Шӯрои адёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, узви ҷамъияти Даъваи Олами Исломӣ дар Ҷамоҳирии Арабии Либиё буд.

Хидматҳои Амонуллоҳ Неъматзода ҳамчун сарвари мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти фаъолияти масҷидҳо, пешгирӣ аз ҳар гуна равияҳои тундраву ифротгаро намоён аст. Тӯли солҳои фаъолияти худ номбурда дар интишори таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, боло рафтани маърифати исломӣ, инчунин дар мавриди риояи қонунгузории ҷумҳурӣ аз ҷониби мусулмонон ва иттиҳодияҳои динӣ хидматҳои шоён намудааст.

Марг

Амонуллоҳ Неъматзода дар синни 75-солагӣ 6 сентябри соли 2010 бар асари бемории саратон аз дунё даргузашт. Ҷанозаи Қорӣ Амонуллоҳ Неъматзода, таърихи 7 сентябри соли 2010 дар рустои Элоки ноҳияи Файзобод ба хок супурда шуд.

Эзоҳ

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Душанбе, 2011. СИЭМТ, С. 188. — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4
  2. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". www.jumhuriyat.tj. 6 сентябри 2017 санҷида шуд.