Мағмуми Дарвозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мағмуми Дарвозӣ
форсӣ: ميراوليا حسين مغموم دروازی
Таърихи таваллуд: 1873
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1946
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир

Миравлиё Ҳусайн Мағмуми Дарвозӣ[1] (форсӣ: ميراوليا حسين مغموم دروازی‎; 1873, Кеврон, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон1946, вилояти Бағлон) — шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мағмуми Дарвозӣ дар соли 1252 хуршедӣ (1873) дар рустои Кеврони Дарвоз марбути хоки Бухорои қадим ба дунё омадааст. Ӯ барои таҳсил ба Бухоро рафт ба нисбати инқилоби Бухоро ватани худро тарк гуфт... Мутобиқ ба бурҷи сарви соли 1308 хуршедӣ (1929) ба хоки Афғонистон ҳиҷрат намуд ва дар қаряи Ҷомарчи пойини Дарвоз сукунат ихтиёр кард. Баъдан дар соли 1323 хуршедӣ (1944) аз тарафи ҳукумати муҳтарами Афғонистон ба Кобул хоста шуд. Баъд аз ворид шудан ба дарбори салтанатӣ бо хотираи неке мураххас шуд ҳини бозгашт ба тарафи бозмондгонаш дар Бадахшон, дар вилояти Бағлон аҷал домангираш гардид ва ба умри 72 солагӣ дар авохири моҳи ҳутти 1324 (1946) ин дунёро падруд гуфт ва дар шаҳри ҷадиди Бағлон мадфун гардид.[2]

Эҷод[вироиш | вироиши манбаъ]

Табъи ӯ ба мутоибаву ҳазл моил буда, ҳамдиёронаш баъд аз Ёрии Дарвозӣ ӯро шоири хуби худ дониста бисёр шеърҳояшро азёд медоранд[3]. Девони мукаммали ӯ дар соли 1308 шамсӣ (1929—1930) замони ҳиҷраташ аз тарафи маъмурон ҳукумати Шӯравӣ дар лаби оби Ҷайҳун ба яғмо рафт ва аз он калимае дар Афғонистон боқӣ нест. Аммо ашъоре, ки дар хоки Афғонистон сарудааст, ба хатту иншои худаш ба дастраси писари аршадаш Мирмуҳаммадқулибег мавҷуд аст[2].

Девони Мағмум 6718 байт дорад, ки ба хатти настаълиқ нигориш ёфтааст, дар он ҳама анвоъи шеър аз сурудаҳои Мағмум дарҷ аст ва бахусус мухаммасоте, ки бар ашъори шоирони замони худ сохтааст[4].

Мағмум бо ашъори дилпазир маъруф аст ва миёни мардум мухаммаси ӯ ба номи «Моҳи кишвари русӣ» дар Афғонстону Тоҷикистон машҳур аст ва чанде аз сарояндагон онро замзама менамоянд.

Моҳи кишвари русӣ, майли мазҳаби мо кун,
Рӯйи худ ба масҷид ор, пушт бар калисо кун,
Ихтиёр кун ислом, тарки кеши тарсо кун,
Ҳар чи бошад эй дилбар з-ин ду кор якто кун,
Ё биё мусулмон шав, ё маро насоро кун.

Эй бути насоризот, эй моҳи фаранги рус,
Аз Бухор то Маскав ҷумла шуд туро побӯс,
Ошиқони шайдоро ин қадар макун маъюс,
Гар туро зи ман ор аст, ман намекунам номус,
Ё биё мусулмон шав, ё маро насоро кун.

Ҳаст Инҷилу Таврот аз китоби Субҳонӣ,
Ҳам Забуру ҳам Фурқон аз каломи Раббонӣ,
Хоҳ сӯйи ман оӣ, ё маро ба худ хонӣ,
Ҳарчӣ хоҳишат бошад, эй санам ту медонӣ,
Ё биё мусулмон шав, ё маро насоро кун.

Нест зардии рухсор нуқси ҳусни маҳрӯён,
Наргиси кабуди ту шуд аниси маъшуқон,
Чун ту пайрави Исо, ман Муҳаммадӣ, эй ҷон
Ҳаст ҳарду пайғамбар хоси даргаҳи Яздон.
Ё биё мусулмон шав, ё маро насоро кун.

Гашта бандаи Мағмум ошиқи ҷамоли ту,
Ҳаст рӯзу шаб ҷоно толиби дидори ту,
Рафта аз дилам Дарвоз дар ғами висоли ту,
Фикри дардмандон кун, эй ба хатту холи ту,
Ё биё мусулмон шав, ё маро насоро кун.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ворис. Ё биё мусалмон шав ё маро насоро кун(тоҷ.). Садои мардум (3 май 2018). 2 феврали 2023 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Савлатшоҳ Мерганов Перомуни ду шоири бадахшонӣ (Авлиёҳусайни Мағмум ва Иззати Дарвозӣ) // رودکی. — 2006. — С. 121-134.
  3. Ганҷи парешон / Тадқиқоти А. Ҳабибов. — Д.: Ирфон, 1984. — С. 299—300. — 304 с. Бойгонишуда 27 ноябри 2017 сола.
  4. مصرع ، هبا و مغموم - ادبی(форсӣ). سایت شخصی. 2 феврали 2023 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Байзоӣ, Аҳмаднаҷиб. 1390. Суханварони дарвозӣ, Ҷилди аввал, чопи дувум, С. 231—228.(форсӣ)