Jump to content

Мақомоти давлат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мақомоти давлат — унсури таркибии дастгоҳи давлатӣ буда, аз хидматчиёни давлатӣ иборат аст ва тавассути ваколатҳои ҳокимиятӣ вазифаи муайяни давлатиро иҷро мекунад.

Мақомоти давлат:

1) бо тартиби муқарраркардаи қонун таъсис мешавад (масалан, тартиби интихобу салоҳияти Маҷлиси Олӣ ва Президенти Тоҷикистон дар Конститутсия муқаррар гаштаанд; ташкилу фаъолияги суд ва прокуратураро қонунҳои конститутсионӣ пешбинӣ мекунанд);

2) ваколатҳои ҳокимиятиро ба иҷро мерасонад; чораҳои таъсиррасонии муташаккилона, аз он ҷумла чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ татбиқ мекунад; санадҳои меъёрӣ (Маҷлиси Олӣ) ва фардӣ (суд) қабул мекунанд, ки барон иҷро ҳатмианд;

3) шаклу намудҳои махсуси фаъолият доранд (масалан, адолати судӣ барои судҳо, назорати прокурорӣ барои прокуратура, кофтукови ҷиноӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва г.);

4) сохти дохилии худро дорад; (масалан, дар таркиби Прокуратураи генералӣ раёсатҳои мухталиф дар соҳаи назорати умумӣ, назорати судӣ ва ғ. таъсис мешаванд);

5) низоми муташаккилонаи худро дорад (масалан, тамоми судҳо як низоми судиро ташкил медиҳанд; баъзе мақомот низоми марказонидашударо ташкил медиҳанд, масалан, мақомоти прокуратура; низоми баъзе мақомот аҳамияти ҳокимиятӣ дорад, чунончи, низоми судӣ бо ҳокимияти судӣ, низоми мақомоти иҷроия бо ҳокимияти иҷроия вобаста аст).[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 271