Jump to content

Мақсуда Фозилова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мақсуда Фозилова
Мақсуда Зулфиқоровна Фозилова
Таърихи таваллуд 2 феврал 1966(1966-02-02) (58 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Мақсуда Фозилова (Мақсуда Зулфиқоровна Фозилова; тав. 2.02.1966, деҳаи Лангар, ноҳияи Ҳисор) — омӯзгор, номзади илмҳои таърих.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1986—1991 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намудааст. Солҳои 1991—1993 мудири кабинети кафедраи таърихи сиёсӣ, 1993—1995 аспиранти кафедраи таърихи сиёсӣ, 1995—2001 муаллими калони кафедраи таърихи Ватани Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 2001—2008 муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино буд. Аз соли 2008 ҳамчун муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик ва муовини декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба таълим фаъолият мекунад. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ аст.

  • Тайёр кардани кадрҳои занони педагог дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (1971—1985), Д., 2007;
  • Сиёсати давлатӣ оид ба тайёр кардани кадрҳои педагогӣ аз шумораи занони маҳалӣ дар солҳои 70-80-уми асри ХХ // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 3(46), Д., 2008;
  • Проблемаҳои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси педагогӣ аз шумораи занони маҳаллӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 80-уми асри XX // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 1, Д., 2009.