Маҳмадназар Солеҳов
Солеҳов Муҳаммадназар Соҳибович | |
6 ноябри 2006 — 29 январи 2009 | |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Пешгузашта | Ҳумдин Шарипов |
Ҷонишин | Абдураҳим Каҳҳоров |
|
|
Таваллуд |
20 июн 1957 |
Даргузашт |
17 июн 2009 (51 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Маҳмадназар |
Муҳаммадназар Солеҳов (Солеҳов Маҳмадназар Соҳибович; 20 июни 1957, Қӯрғонтеппа — 17 июни 2009, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳуқуқшинос ва ходими давлатӣ. Генерал-майори хидмати дохилӣ, Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммадназар Солеҳов 20 июни соли 1957 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Соли 1979 шуъбаи ғоибонаи бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1974 то 1978 хаткашони Додгоҳи собиқ ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе ва баъдан иҷрокунандаи ҳукмҳои Додгоҳи собиқ ноҳияи марказии Душанбе буда, пас аз як муддати кор дар дастгоҳи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 1987 ноиби додситони собиқ вилояти Кӯлоб ва дар соли 1988 додситони ноҳияи Конибодом таъйин шудааст. Пас аз шикасти Ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба мақоми Додситони кулли Тоҷикистон баргузида шуд ва то соли 1995 дар ин вазифа кор кард.
Аз соли 1995 то соли 1997 ноиби вазири умури дохилии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 1997 то 26 апрели соли 2000 сардори дастгоҳи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Сипас дар мақоми раиси Додгоҳи қонуни асосӣ ва раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон кор кардааст.
Аз 13 декабри соли 2003 бори дигар ба мақоми сардори дастгоҳи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд ва дар моҳи ноябри соли 2006 ба курсии вазири умури дохилии Тоҷикистон нишаста, 29 январи соли 2009 аз ин мақом бо фармони президент ва бо ҳаққи дар ҷойи дигаре кор накардан, барканор шуд.
Худкушӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммадназар Солеҳов 17 июни соли 2009 ҳангоми амалиёти боздошт худашро дар ҳавлиаш тир зад ва ҷон супурд.