Абдураҳим Каҳҳоров
Абдураҳим Каҳҳоров | |||
| |||
---|---|---|---|
аз 5 январи соли 2012 | |||
| |||
январи соли 2009 — январи соли 2012 | |||
Ҷонишин: | Рамазон Раҳимов | ||
Саннаи таваллуд: | 10 ноябр 1951 (67 сол) Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон | ||
Маълумот: | Академияи ВКД ИҶШС | ||
Дараҷаи илмӣ: | PhD in Law[d] |
Абдураҳим Қаҳҳоров (Қаҳҳоров Абдураҳим Абдуаҳадович; тав. 10 ноябри 1951, Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатии тоҷик, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон (аз 5 январи 2012), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009—2012), генерал-полковники милитсия (2010). Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Тарҷумаи ҳол[вироиш]
Хатмкардаи факултаи ҳуқуқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1974).
Пас аз хатми донишгоҳ то соли 1979 — ваколатдор, ваколатдори калон, сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноят дар ВКД-и ҶШС Точикистон.
Солҳои 1979—1981 — дар Академияи ВКД ИҶШС таҳсил мекард, пас аз тамомшавӣ ба вазифаи сардори ШКД ноҳияи Октябр (ҳозира шаҳраки Сомониён). Баъд аз солҳои 1985 то 1987 дар вазифаи ҷонишини сардори РКД-и шаҳри Душанбе.
Дар 1987—1992 — ҷонишин, ва дар солҳои 1992—1993 — ҷонишини якуми вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон. Аз соли 1991 — генерал майори милитсия.
Солҳои 1993—2000 — сардори Академияи ВКД-и Тоҷикистон.
Аз соли 2000 то 2006 сол — ҷонишини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.
Аз 2006 сол — сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд.
Аз январи соли 2009 то январи соли 2012 дар вазифаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5 январи соли 2012 ба вазифаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.