Маҳмадулло Раҷабов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Маҳмадулло Раҷабов (тав. 4.01.1958, ноҳияи Муминобод), забоншинос, номзади илмҳои педагогӣ (2004), дотсент (2008).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1976–1978 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1978– 1983 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Кӯлоб таҳсил намудааст. Солҳои 1983–1993 муаллими забон ва адабиёти руси муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияҳои Ҳисор ва Муминобод, 1993–1994 методисти шӯъбаи таълими Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, 1994–2002 декани шӯъбаи рӯзона ва ғоибонаи Коллеҷи савдои ш. Душанбе буд. Солҳои 2002–2005 дар вазифаҳои декани факултети омӯзиши ғоибона, муовини ректор оид ба тарбия, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таълими Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2005–2009 декани факултети филологияи рус ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буд. Аз соли 2009 дар вазифаи декани факултети забони русии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Муаллифи 4 асару зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои забоншиносӣ ва тарбияи ахлоқиро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш]

Тарбияи шахсият ва ташаккули сифатҳои ахлоқӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (бо ҳаммуалллифӣ), Д., 2001; Формирование нравственных качеств личности в «Шахнаме» Фирдоуси, Д., 2004; Педагогические идеи Фирдоуси о нравственных качествах личности, Д., 2007; История педагогики мира. Курс лекции (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010.

Пайвандҳои беруна[вироиш]