Маҳмуди Исфаҳонӣ
Маҳмуди Исфаҳонӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | фақеҳ, муфассир, наҳвӣ |
Таърихи таваллуд: | 5 феврал 1276[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1349[2] |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Эътиқод: | ислом ва суннӣ |
Самти фаъолият: | шофеъӣ, Arabic grammar[d], фалсафаи исломӣ ва илоҳиётшиносии исломӣ[d][3] |
Шогирдон: | Ибни Фазлуллоҳи Умарӣ[d] |
Вироиши Викидода |
Абуссано Маҳмуд ибни Абдурраҳмони Исфаҳонӣ (ар. أبو الثناء محمود بن عبد الرحمن الأصفهاني; 1276, Исфаҳон — 1349, ҳамон ҷо) — муфассир, усулӣ, наҳвӣ, олими улуми ақлӣ ва фақеҳи шофеъии форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муқаддамоти улумро нахуст назди падар аз худ карда, сипас забони арабӣ ва фанҳои маъмули рӯзгорашро назди падар (Абдурраҳмон ибни Аҳмад), Ҷамолуддин Абираҷо ва дигарон фаро гирифт. Муддате дар Исфаҳону Табрез ба такмили дониш ва тадрис пардохт. Аз муосирони шайх Ҳасани Чупонӣ (фавт 1343), қозӣ Музаффаруддиншоҳи Қазвинӣ буд. Исфаҳонӣ баъд аз зиёрати Байтулмуқаддас соли 1325 ба Димишқ рафта, мавриди эҳтироми мардум, бахусус Ибни Таймия, қарор гирифт. Исфаҳонӣ муддате дар масҷиди ҷомеи умавии Димишқ ба тиловату тадриси шогирдон машғул шуд ва баъди Ибни Зимлаконӣ (фавт 1253) мударрисии мадрасаи Равоҳияро ба уҳда дошт. Исфаҳонӣ сипас дар Қоҳира иқомат ихтиёр кард. Ҳокими Миср Сайфуддини Қустун (фавт 1330) дар минтақаи Қарофа барои Исфаҳонӣ хонақоҳе бунёд кард. Ӯ он ҷо ба ибодат ва иршоди шогирдон машғул шуд. Исфаҳонӣ дар заминаи улуми ақлӣ, Қуръон ва тафсир таълифи бисёр дорад. Муҳимтарин таълифи Исфаҳонӣ «Анвору-л-ҳақоиқи-р-раббония фӣ-т-тафсири-л-оёти-л-қуръония» мебошад. «Баёну-л-мухтасар» (Шарҳи «Мухтасар»-и Ибни Ҳоҷиб) ва «Маъонию-л-бадеъ» аз дигар осори ӯ мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Исфаҳонӣ // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.