Маҳмудов Музаффарҷон Ҷусупович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Маҳмудов Музаффарҷон Ҷусупович
Маҳмудов Музаффарҷон Ҷусупович
Таърихи таваллуд: 1 ноябр 1974(1974-11-01) (46 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Лахш, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии технологии Ҷумҳурии Қирғизистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳмудов Музаффарҷон Ҷусупович – муҳандис, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Маҳмудов Музаффарҷон Ҷусупович 1 ноябри соли 1974 дар ноҳияи Лахш таваллуд шудааст. Миллат қирғиз. Соли 1998 Донишгоҳи давлатии технологии Ҷумҳурии Қирғизистонро хатм намудааст. Ихтисос муҳандиси энергетикӣ.

  • Солҳои 1997-1999- Омўзгори фанни физикаи мактаби миёнаи №10 ноҳияи Лахш
  • Солҳои 1999-2001 Ҷонишини директории мактаби миёнаи №10 -и н Лахш
  • Солҳои 2001-2002- Нозири идораи шабакаҳои барқи ноҳияи Лахш оид ба бахши маишию коммуналӣ
  • Солҳои 2002-2007- Нозири идораи фурўши барқи минтақаи Рашт оид ба бахши маишию коммуналӣ дар ноҳияи Лахш
  • 03-12 соли 2007- Нозири дараҷаи 3-и идораи фурўши барқи минтақаи Рашт дар ноҳияи Лахш
  • Солҳои 2007-2012- Нозири калони техники идораи шабакаҳои барқи ноҳияи Лахш оид ба фурўши барқ
  • Солҳои 2012 -2013- Муовини сардори идораи шабакаҳои барқи ноҳияи Лахш оид ба фурўши барқ
  • Солҳои 2013-2014- Сардори шуъбаи фурўши барқи ноҳияи Лахш
  • Солҳои2014-2018- Муовини раиси ноҳияи Лахш
  • Аз майи соли 2018 то 2020 - Сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Маҳмудов Музаффарҷон Ҷусупович(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд.