Маҳмуди Замахшарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Маҳмуд Замахшарӣ)
Маҳмуди Замахшарӣ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: илоҳиётшинос, файласуф, нависанда, луғатшинос, муфассир, адиб, забоншинос, шоир
Таърихи таваллуд: 18 март 1075[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 12 июн 1144 (69 сол)
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом

Фаъолияти динӣ
Самти фаъолият: тафсир
Устодон: Ibn al-Malāḥimī[d] ва Abu Mansur Mauhub al-Jawaliqi[d]
Шогирдон: Yahya ibn Sa'dun[d]
Осор:
Вироиши Викидода

Абулқосим Маҳмуд ибни Умар Замахшарӣ (ар. أبو القاسم محمود بن عمر الزمخشري‎; 18 март 1075[1][2][3], Замахшар[d], Вилояти Дашогуз12 июн 1144, Куния-Урганҷ, мулаққаб ба Ҷоруллоҳ ва Фахри Хоразм) — мутакаллими муътазилӣ, фақеҳи ҳанафӣ, муфассир, забоншинос, адиб, шоир ва хатиби форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳсилоти ибтидоиро дар Хоразм, дар назди падар ва дигар олимони диёри худ — Абумузар ибни Ҷарир аз-Заббии Наҳвии Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Музаффари Нишопурӣ, Шайхулислом Абумансур Насри Ҳорисӣ, Абусаъид Шаққонӣ ва дигарон фаро гирифтааст.

Замахшарӣ аз муътазилиён, ки бинобар таъқиби Аббосиён ба Хоразм паноҳ бурда буданд, мазҳаби эътизолро омӯхт ва дар муддати андаке яке аз бузургтарин намояндагони ин мактаб гардид. Лақаби «Ҷоруллоҳ» («Ҳамсояи хонаи Худо»)-ро бинобар муддати зиёд дар канори Қаъба буданаш ба ӯ додаанд.

Дар овони кӯдакӣ пои шикастаашро бурида, ба ҷои он пои чӯбин насб карда буданд. Падари Замахшарӣ хост, ки ӯ касби дӯзандагиро омӯзад ва аз ин роҳ рӯз гузаронад, вале Замахшарӣ ба Гурганҷ рафт. Ба туфайли хатти зебои худ тавонист дар Гурганҷ зиндагиашро пеш барад. Дар ин ҷо устодаш аз -Заббӣ на танҳо сарфу наҳв ва адабиёти арабиро ба ӯ омӯзонд, балки ӯро аз ҷиҳати моддӣ низ дастгирӣ намуд. Замахшарӣ аз ал — Хайётӣ илми фиқҳ, аз Рукнуддин Маҳмуд ал-Усулӣ ва Абумансур илоҳиётро омӯхт, вале баъдтар ду устоди охираш шогирди ӯ дар илми тафсир шуданд.

Замахшарӣ то синни беш аз чилсолагӣ бо подшоҳону вазирон ва аҳли дарбори Хоразмшоҳиён муошират дошт. Соли 1118 Замахшарӣ бемории хатарнокеро аз сар гузаронида, баъди ин тарзи ҳаёташро дигар кард; ба гӯшанишинӣ ва зуҳду тақво пардохта, ба дастгӯии шогирдон ва фаъолияти адабӣ машғул шуд.

Ду бор ба ҳаҷ рафта, ҳар дафъа муддати чанд сол дар Макка ва Мадина иқомат кард. Дар бозгашт аз Бағдод ва Димишқ ва дигар шаҳрҳо дидан карда, бо донишмандони забардасти он даврон (Домғонӣ, Ибн аш-Шаҷарӣ, ал-Ҷаволиқӣ) мулоқоту баҳсҳои илмӣ доир кард. Чандаке аз забоншиносону адибон ва мутакаллимони шаҳрҳои Мовароунаҳру Хуросон шогирдони Замахшарӣ буданд: Абулмуайд ал-Муваффақ ибни Аҳмади Маккӣ (мулаққаб ба «Беҳтарин хатиби Хоразм») Абдураҳим ибни Умари Тарҷумонӣ, Муҳаммад ибни Абулқосим Байҷуки Баққолӣ ва дигарон.

Аз ӯ осори арзишманде боқӣ мондааст. Дар «Донишномаи адаби форсӣ» 41, «Райҳонату- л- адаб» 38, «Муъҷаму- л- удабо» 49 ва дар «Ал-Масоилу-л-эътизолия фӣ тафсири-л-Кашшоф ли-з-Замахшарӣ» 45 асари Замахшарӣ қайд шудаанд. Маъруфтарин асари Замахшарӣ тафсири «Ал-Кашоф» мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Swartz A. Open Library (ингл.) — 2007.
  3. 3.0 3.1 Faceted Application of Subject Terminology

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]