Jump to content

Маҷаллаи «Илм ва ҳаёт»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Илм ва ҳаёт» (форсӣ: علم و حیات‎) - маҷаллаи илмӣ-оммавӣ ва нашрияи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  • Муассисон: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии маҷалла.
  • Сармуҳаррир - Хушдил Раҳимҷон
  • Доираи мавзӯъҳо - маҷалла навигариҳои илмро дар Тоҷикистон баррасӣ намуда, дар бораи соҳаҳои гуногуни илм мақолаҳои илмӣ - оммавӣ нашр мекунад.
  • Маҷаллаи ба андозаи А - 4, 32 саҳифа ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавад.
  • Даврият – 4 шумора дар як сол.

Маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» соли 1989 таъсис дода шуда, сармуҳаррири аввалини он Мақсуд Ҳоҷиматов (Мақсуди Ҳоҷимуҳаммад) буд. Давоми солҳои гуногун Турдиалӣ Бойбобо ва Абдуфаттоҳ Мираҳмадов вазифаи сармуҳарририи маҷалларо ба ӯҳда доштанд.