Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дар ноҳияи Данғара 19 декабри соли 2014 ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад. Дар ин ҷо 4 корхонаи нав - ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Чин буда, коргоҳҳои саноатии он бо ворид намудани навтарин технология аз ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои аврупоии Италия, Швейтсария, Олмон ва аз худи Чин бунёд меёбад. Ин маҷмаа бо харҷи қариб 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 соли оянда сохта ва пурра ба кор дароварда мешавад.[1]

Ифтитоҳи навбати аввали маҷмааи нассоҷӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

31 августи соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» дар ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Корхона аз чор марҳилаи истеҳсолӣ, аз ҷумла ресандагию бофандагӣ ва рангуборкунию дузандагӣ иборат мебошад. Дар маҷмӯъ иқтидори умумии истеҳсолии корхона ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 млн. метри мураббаъ матоъи пахтагӣ дар як сол баробар буда дар сурати фаъол гардидан бо иқтидори пурра зиёда аз 6 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешавад.[2]

Марҳилаи аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 7600 тонна риштаи баландсифат моҳи августи соли 2016 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Сехи ресандагии 1 дорои дастгоҳи Ритери швейтсарӣ буда, дар он асосан раванди пурраи ресандагии риштаҳои навъи 30-60, ки матои бофанда ва кешбофии аълосифат аз он омода мешавад, истеҳсол карда мешавад.[3].

Марҳилаи дуюми он соли 2018 бо иқтидори истеҳсолии қариб 15 ҳазор тонна коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли 7600 тонна ришта дар як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Сехи ресандагии 2 дорои дастгоҳи Телв Чеслери олмонӣ буда, асосан барои истеҳсоли риштаҳои пневмомеханикии навъи 10-32 истифода мешавад.

Соли 2018 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди се коргоҳи нав, аз қабили корхонаи истеҳсоли ришта бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол, рангубор ва истеҳсоли матоъ оғоз бахшида буданд. То имрӯз таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пайваст карда шуда, 190 адад дастгоҳи дӯзандагӣ барои дӯхти либос ва 1 мошини худкори буранда, 2 ҷуфт мошини тарроҳӣ, 1 дастгоҳи гулдӯзӣ ва 3 ҷуфт дастгоҳи дарзмолкунӣ насб гардидааст.

Дар сехи бофанда айни замон 70 дастгоҳи калони даврашакл мавҷуд буда, асосан барои бофтани газвор, аз қабили матоъҳои яктарафа ва дутарафаи риштадор истифода карда мешаванд, ки иқтидори солонаи истеҳсолоти он зиёда аз 7 ҳазор тоннаро ташкил намуда, талаботи истеҳсолотро бо матои газвор таъмин мекунад.

Дар сехи матоъҳои кешбофӣ 216 дастгоҳи бофандагии матои бараш 2 метру 80 сантиметр насб гардида, асосан матоъҳои аълосифат барои либос ва рахти хоб истеҳсол мекунад. Иқтидори солонаи истеҳсолот ба 20 миллион метри мураббаъ баробар буда, талаботи корхонаро бо матоъҳои барои либосдӯзӣ ва рахти хоб нигаронидашуда қонеъ мегардонад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар корхона то имрӯз 183 ҳазор дона либосҳои гуногун, 37,22 тонна матои рангуборшуда, 50,14 тонна газвор ва 5 миллиону 35 ҳазор метри мураббаъ матои кешбофӣ истеҳсол шудааст. Маҳсулоти тайёри корхона, аз қабили сару либос, ришта ва матои кешбофӣ ба кишварҳои Русия, Туркия, Беларус, Полша, Озарбойҷон, Чин ва Покистон содирот мешавад.

Аз ҳисоби даромади корхона ба буҷети Тоҷикистон аз соли 2016 то имрӯз зиёда аз 150 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.[4].

Марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»[вироиш | вироиши манбаъ]

28 апрели соли 2022 дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»-ро мавриди истифода қарор доданд. Марҳалаҳои навбатӣ дорои 3 даври пурраи коркарди ришта буда, дар он истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар марҳилаи сеюми корхона коргоҳи рангубори матоъ дорои 11 дастгоҳи рангкунии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати истифодаи қувваи барқ каммасраф, 2 дастгоҳи рангубори ришта ва як дастгоҳи андозагирӣ, ду ҷуфт дастгоҳ барои андозагирӣ ва тарҳи кӯрпа мавҷуд аст. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи рангубори матоъҳои газвор бо рангҳои гуногун зиёда аз 3000 тоннаро ташкил медиҳад. Дар коргоҳи дӯзандагӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 1 миллион адад либосҳои гуногун истеҳсол карда шаванд.

Айни замон дар марҳилаи якуми лоиҳа 269 нафар, марҳилаи дуюм 138 нафар, марҳилаи сеюм 262 нафар ва дар марҳилаи чорум 260 нафар ва дар маҷмуъ дар корхона 1250 нафар коргар ба кор ҷалб шудаанд. Оянда имкон аст, ки бо баланд бардоштани иқтидори корхона ва ташкили се баст дар коргоҳҳо шумораи коргарон ба 2000 нафар расонда шавад.

Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Он бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Швейтсария ва Олмон муҷаҳҳаз мебошад. Дар корхона асосан 32 номгӯй маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол карда мешавад. Дар маҷмӯъ иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.

Бо мақсади таъмини корхонаи мазкур бо ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахтаи аълосифат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақшаи бунёди маҷмаа беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд, ки дар он барои таъмини корхона кишти пахта ба роҳ монда мешавад. Ширкати “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Данғара дорои 6000 гектар замин барои кишти пахта ва ду корхонаи пахтатозакунӣ мебошад. Ашёи хом, яъне пахтаи дар ин ноҳияҳо аз ҷониби Ширкати “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” истеҳсолшуда барои коркард дар ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» равона мегардад.

Анҷом ва ба истифода додани марҳилаҳои сеюм ва чоруми лоиҳаи маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» “Парки кишоварзию саноатии нассоҷии Ҷунтай Син Силу Тоҷикистон”-ро ҳамчун яке аз бузургтарин ва мукаммалтарин маҷмааи кишт ва коркарди пахта, ресандагӣ ва бофандагӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Корхона тамоми силсилаи саноати ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагиро дар бар мегирад.[5].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ОҒОЗИ СОХТМОНИ БУЗУРГТАРИН МАҶМААИ КОРГОҲҲОИ НАССОҶӢ ДАР ДАНҒАРА(пайванди дастнорас)
  2. http://www.tvt.tj/iftitokhi-navbati-avvali-machmaai-nassochii-chsp-chuntay-dangara-sin-silu-tekstil Ифтитоҳи навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил»
  3. www.khovar.tj. Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»(тоҷ.) (28 апрели 2021). 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 апрели 2022.
  4. www.khovar.tj. Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»(тоҷ.) (28 апрели 2021). 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 апрели 2022.
  5. www.khovar.tj. Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»(тоҷ.) (28 апрели 2021). 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 апрели 2022.