Мерт Язиҷиоғлу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мерт Язиҷиоғлу
тур. Mert Yazıcıoğlu
Ном ба ҳангоми таваллуд: Mert Yazıcıoğlu
Таърихи таваллуд: 10 май 1993(1993-05-10) (27 сол)
Зодгоҳ: Истанбул, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 2011–то ҳол
Самт: силсилафилм, синамо
IMDb: ID 5465752

Мерт Язиҷиоғлу (тур. Mert Yazıcıoğlu); тав. 10 майи 1993, Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи турк.

Зиндагинома[вироиш]

Мерт Язиҷиоғлу 10 майи соли 1993 дар пойтахти кишвари Туркия шаҳри Истанбул таваллуд шудааст[1]. Баъди хатми мактаби миёнаи Истанбул ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи менеҷменти донишгоҳ Айдини Истанбул супоридааст[2].

Эҷодиёт дар синамо[вироиш]

Пас аз он ки ӯро ба силсилафилмие, ки рафиқаш нақш мебозид даъват шуд ва қадами аввалинро дар роҳи ҳунарӣ гузошт. Дере нагузашта ӯ зинаи сеюми дарсҳои ҳунарии Mota Eğitim аз Умед Чирак гирифт. Пас аз муддате, ӯ дар филми Dedemin İnsanları нахустнамоиши худро бозидааст. Соли 2013, ӯ дар силсилафилми Садбарги сиёҳ (Karagül), дар нақши Борон Шамвердӣ, ки дар шабакаи FOX пахш шудааст бо Эҷе Услу, Озҷон Дениз ва Айча Айшин Турон нақш бозидааст. Баъдтар, ӯ дар силсилафилми Umuda Kelepçe Vurulmaz нақши "Фират" -ро бозидааст ва дар силсилафилми "Mehmed: Bir Cihan Fatihi" нақши "Коркут" -ро бо Кенон Имирзалиоғлу, Четин Текиндор ва дигарон тасвир кардааст. Ӯ фаъолияти ҳунарии худро бо нақши "Ҷенк" дар филми İyi Oyun соли 2018 бо Афра Сарачоғлу идома дод. Байни солҳои 2018–2019, ӯ дар силсилафилми Kanal D Як литр ашк (Bir Litre Gözyaşı), нақши асосиро бозидааст, ки дар он нақши "Маҳир Еткин" -ро тасвир кардааст. Соли 2020, ӯ дар нақши Синон барои шабакаи Netflix Ишқ 101 (Aşk 101) нақш бозидааст. Инчунин дар ин силсилафилм ҳунарпешаҳо Алина Боз, Кубилай Ака, Каан Ӯрганҷиоғлу ва дигарон нақш бозидаанд.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш]

Мерт Язиҷиоғлу бо ҳунарпешаи турк Афра Сарачоғлу робита дорад[3]. Онҳо дар филми İyi Oyun шиносоӣ пайдо намуданд, ки ҳарду нақши асосиро бозидаанд. Моҳи декабри соли 2019 ин ҷуфт барои дидани бозии футбол миёни дастаҳои Фенербахче-Бешиктош рафтаанд[4]. Онҳо аксҳои муштаракашонро зуд-зуд дар шабакаҳои иҷтимоъӣ нашр мекунанд.

Филмнома[вироиш]

Филмҳо
Сол Номгӯй Бо тоҷикӣ Нақш
2011 Dedemin İnsanları -
2018 İyi Oyun Ҷенк
Силсилафилмҳо
Сол Номгӯй Бо тоҷикӣ Нақш
2012-2013 Kayıp Şehir Фурқон
2013-2016 Karagül Садбарги сиёҳ Борон Шамвердӣ
2016-2017 Umuda Kelepçe Vurulmaz Фират
2018 Mehmed: Bir Cihan Fatihi Коркут
2018-2019 Bir Litre Gözyaşı Як литр ашк Моҳир Йеткин
2020 Bir Annenin Günahı Юсуф
Силсилафилмҳои интернетӣ
Сол Номгӯй Бо тоҷикӣ Нақш
2020- Aşk 101 Ишқ 101 Синон
2021 Aşk 102 Ишқ 102 Синон

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Иқтибосҳо[вироиш]