Алина Боз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алина Боз
тур. Alina Boz
Ном ба ҳангоми таваллуд: Alina Boz
Таърихи таваллуд: 14 июн 1998(1998-06-14) (25 сол)
Зодгоҳ: Маскав, Русия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша, бозигари синамо, ҳунарпешаи телевизион
Корнома: 2013-то ҳол
Самт: силсилафилм, синамо
IMDb: ID 7056472
 Парвандаҳо дар Викианбор

Алина Боз (тур. Alina Boz, тав. 14 июни 1998; Москов, Русия) — ҳунарпешаи турк. Модари Алина рус ва падараш турк мебошанд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Алина Боз 14 июни соли 1998 дар шаҳри Маскави Русия таваллуд шудааст. Модараш рус аст ва падараш як муҳоҷири турк дар Русия мебошад[1]. Ӯ ҳафтсола буд, вақте ки оилааш ба Туркия бо сабаби кори нави падараш ба муҳоҷират рафт. Дар он ҷо ӯ туркиро омӯхт ва дар мактаби ибтидоӣ таҳсил намудааст. Ӯ мактаби хусусии Gökjet Aviation-ро хатм намудааст. Алина фаъолияти рақсии худро дар театри рақс оғоз кардааст[2][3]. Пеш аз оғози фаъолияти ҳунарӣ, ӯ дар таблиғот ва маҷаллаҳо кор мекард[4].

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ фаъолияти ҳунарии худро соли 2013 дар силсилафилми Cesur Hemşire ҳамчун Ҷонон оғоз кардааст. Соли 2014, ӯ дар силсилафилми Paramparça ҳамчун Ҳазал ҳунарнамоӣ намудааст. Соли 2016, Алина дар филми Kaçma Birader ҳамчун Мелис Каҳваҷӣ нақш офаридааст. Соли 2017 ӯро ба филми Böluk даъват намуданд. Худи ҳамон сол ӯ дар силсилафилми Sevdanın Bahçesi ҳамчун Дафна, ҳамроҳи ҳунарпешаи маъруф Нургул Йешилчой кор кардааст. Соли 2018, ӯ дар силсилафилми Vatanım Sensin ҳамчун Малика Анастасия Романова бо Холид Эрганч ва Бергузар Корел нақш бастааст ва худи ҳамон сол дар силсилафилми Elimi Bırakama нақши асосиро бо Алп Наврӯз бозидааст.

Алина дар силсилафилми истеҳсоли Netflix "Ишқ 101" (Aşk 101) нақши асосиро ҳамчун "Эда" миёни ҳунарпешаҳо Мерт Язиҷиоғлу, Кубилай Ака, Каан Ӯрганҷиоғлу, Бода Ишчил ҳунарнамоӣ намудааст.[5].

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Алина соли 2015 бо Бурак Юрук робита оғоз намудааст аммо соли 2017 онҳо ҷудо шуданд. Соли 2018 бори дигар онҳо якҷо шуданд. Моҳи сентябри соли 2020, Алина дар якҷоягӣ бо ҳамроҳонаш Кубилай Ака ва Ипек Филиз Язиҷӣ мубталои коронавирус гардиданд[6][7].

Соли 2020 ӯ бо овозхони турк Митҳат Ҷон Озар робита оғоз намуд[8][9].

Филмнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Филмҳо
Сол Номгӯй Ба тоҷикӣ Нақш
2016 Kaçma Birader Мелис Каҳваҷӣ
2017 Bölük
Силсилафилмҳо
Сол Номгӯй Ба тоҷикӣ Нақш
2013 Cesur Hemşire Ҷонон
2014-2017 Paramparça Ҳазал
2017 Vatanım Sensin Малика Анастасия Романова
2017 Sevdanin Bahçesi Дефна
2018–2019 Elimi Bırakma Азра Гӯнеш/Азра Селен
2021– Maraşlı Марашли Моҳур Турел
Силсилафилмҳои интернетӣ
Сол Номгӯй Ба тоҷикӣ Нақш
2020– Aşk 101 Ишқ 101 Эда

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Феҳристи ҳунарпешазанҳои Туркия

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Иқтибосҳо[вироиш | вироиши манбаъ]