Jump to content

Метархон Содиқов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Метархон Содиқов
Содиқов Метархон Соқибекович
Таърихи таваллуд: 19 май 1976(1976-05-19) (48 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Рушон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ: Дотсент
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Метархон Содиқов (Содиқов Метархон Соқибекович; тав. 19 майи 1976, Рушон, ВМКБ, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (2010), дотсент

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Содиқов Метархон Соқибекович 19-майи соли 1976 дар ноҳияи Рушони ВМКБ дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1982 дар мактаби миёнаи рақами 9-и ноҳияи Рушон таҳсилро оғоз намуда дар соли 1993 онро бомуваффақият хатм намудааст. Баъди хатми мактаби миёна дар солҳои 1995—1997 дар қисми ҳарбии 28/48-и қушунҳои сарҳадии Чумҳурии Тоҷикистон хидмати Ватан намудааст. Баъди адои хидмати Ватан дар соли 1998 ба факултаи «Хуқуқшиносӣ»-и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ дохил шуда соли 2003 онро бомуваффақият хатм намудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2004 Содиқов Метархон Соқибековичро ба ҳайси муаллим-коромуз дар кафедраи «Пардохтҳои гумрукӣ ва назорати асъор» қабул намуда, худи ҳамон сол ба шуъбаи аспирантура дохил шудааст.

Аз соли 2006—2008 ассистенти кафедраи «Пардохтҳои гумрукӣ ва назорати асъор» ва аз соли 2008 то соли 2009 ҷонишини декан оид ба тарбия дар факултаи «Умури гумрук» кор ва фаъолият намудааст. Дар давоми фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худ аз рӯи мавзуъи «Эффективность развития конкурентоспособных форм малого и среднего предпринимательства в Таджикистане» (на материалах сельскохозяйственных предприятий Горно-Бадахшанской автономной области) кор ва фаъолият намуда моҳи октябри соли 2010 рисолаи номзадиашро дар ин мавзӯъ дифоъ намудааст.

Аз соли 2009 то соли 2012 муаллими калони кафедраи «Иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ» кор ва фаъолият намудааст. Аз 1 сентябри соли 2012 дар вазифаи мудири кафедраи «Муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ» кор намудааст. Аз соли 2017 то ин ҷониб ба ҳайси декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда истодааст.[1]