Меҳралии Бекас
Намуди зоҳирӣ
Меҳралии Бекас | |
|---|---|
| Меҳралӣ Бекас (форсӣ: بیکس) | |
| Зодгоҳ: | наздикии шаҳри Акбаробод Ҳиндустон |
| Таърихи даргузашт: | 1736 |
| Маҳалли даргузашт: | Акбаробод |
| Навъи фаъолият: | шоир |
| Забони осор: | забони порсӣ |
Меҳралӣ Бекас (форсӣ: بیکس; ? — 1725/36) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Гузаштагонаш дар Акбарободи Ҳиндустон қозӣ буданд. Дар шеъру шоирӣ ба Мирзо Абдулқодири Бедил пайравӣ мекард. Муаллифи тазкираи «Сафинаи Хушгӯ» — Биндробан Доси Хушгӯ, ки бо Бекас ҳамсуҳбат шудааст, вайро чун шоири моҳир ва фозилу донишманд муаррифӣ намудааст. То имрӯз аз осораш намунаҳо ба тавассути тазкираҳо расидаанд.
Абёти зерин аз ӯянд:
- Бекас, зи фироқ доғ дар дил мондӣ,
- Бе васли нигор пой дар гил мондӣ.
- Ҳарчанд талоши васли дарё кардӣ,
- Лекин чун мавҷ сар ба соҳил мондӣ.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бекас Меҳралӣ / С. Ализода // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.