Jump to content

Меҳриниссо Бобобекова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Меҳриниссо Бобобекова
Бобобекова Меҳриниссо
Таърихи таваллуд: 19 январ 1950(1950-01-19) (74 сол)
Зодгоҳ: Панҷакент , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобобекова Меҳриниссо - омӯзгор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бобобекова Меҳриниссо 19 январи соли 1950 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1972 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос: таърихчӣ, муаллимаи фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ Раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ»

  • Солҳои 1972-1973-корманди илмии Институти шарқшиносӣ;
  • Солҳои 1973-1976-сафари хизматӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон;
  • Солҳои 1976-1985-муаллимаи фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 41-и шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1985-1987-муаллимаи фанни таърих ва ҷамъиятшиносии омӯзишгоҳи касбии №31-и шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1987-1989-коршиноси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон;
  • Солҳои 1989-1991-муҳаррири шуъбаи маърифат ва илми маҷаллаи Фирӯза;
  • Солҳои 1991-1996-мутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1996-2007-мушовири Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикстон бо мамолики хориҷӣ;
  • Аз соли 2007-то инҷониб-Раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ»

Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.[1]

  1. Бобобекова Меҳриниссо(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.