Меҳрубон Назаров
Меҳрубон Назаров | |
Таърихи таваллуд | 1 май 1922 |
Зодгоҳ | деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон |
Таърихи даргузашт | 7 март 1993 (70 сол) |
Маҳалли даргузашт | шаҳри Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих, санъатшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Комиҷроияи ВМКБ, Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон, Комитети давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, Комитети давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба киноматография, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Алма-матер | Институти театрии ба номи А.Островскиӣ ш. Ленинград |
Ҷоизаҳо | , , , , , Шаблон:Ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 1 ва медалу Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон |
Меҳрубон Назаров — номзади илмҳои таърих, профессор, ходими давлатӣ, коргардон, дромнавис, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон ва Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Меҳрубон Назаров 1 майи соли 1922 дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чашм ба дунё кушодааст. Институти театрии ба номи А.Островскиӣ шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ва мактаби олии партиявии назди КМ ВКП шаҳри Москваро хатм намудааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст. Мудири шуъбаи санъати Комиҷроияи ВМКБ ва аз соли 1947 мухбири махсуси рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» дар вилоят буд. Баъдан ба ҳайси сардори Саруправленияи санъати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон (1954-1956), ҷонишини якуми Вазири маданияти ҶШС Тоҷикистон (1956-1964), ҷонишини раиси Комитети давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (1964-1965), раиси Комитети давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба киноматография (1965-1966), Вазири маданияти ҶШС Тоҷикистон (1966-1979), ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1979-1988) ва то даргузашташ ба ҳайси профессори кафедра фаъолият кардааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Меҳрубон Назаров бештар аз 30 спектаклро, ба монанди «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Островский (1946), «Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер (1946), «Қишлоқи тилоӣ»-и М. Миршакар (1947), «Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзода (1948), «Тошбек ва Гулқурбон»-и М. Миршакар «Шӯҳрати нек»-и М. Рабиев (1957), ба саҳна гузоштааст. М.Назаров асосгузори санъати театри касбии Афғонистон буд. Ӯ дар муддати ду соли мушовири маданият буданаш дар саҳнаи театри «Кобул Нондорӣ» спектаклҳои «Шамъҳое, ки месӯзонад»-и А. Латифӣ, «Марде, ки номаш фаромӯш шудааст»-и У. Кӯҳзод, «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Островский, «Табиби зӯракӣ»-и Ж.Б. Моллер, «Шамъҳои сӯзон»-и К. Бесид ва ғайраҳоро манзури омма гардонидааст. М. Назаров муаллифи песаҳои бисёрпардагии «Орзу» (1964), «Дасти дӯст» (1968), «Ҳалокати одат» (1970) ва як зумра пиесаҳои якпардагӣ ва чанд асари оммавӣ мебошад. Тарҷимаи пиесаи «Модарандар»-и О.Бальзак низ ба қалами ӯ мансуб аст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- ду «Нишони Фахрӣ»,
- Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаи 1)
- медалу Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ташаккули маданияти бадеии советии тоҷик. - Душанбе:Ирфон, 1986.-160с.
- Орзу: Маҷмӯаи пиесаҳо. - Душанбе:Адиб, 1990.- 144 с.
- Равнақи санъати халқҳои мо: Фестивали оҳангсозони халқҳои Закавказия дар Тоҷикистон //Тоҷикистони советӣ.-1966. - 11 декабр.
- Шӯҳрати маданияти тоҷик дар Тоҷикистон: Даҳаи маданияти тоҷик дар Покистон //Тоҷикистони советӣ.- 1968.- 10 январ.
- Баҳори ҷовидони мо: Даҳаи адабиёт ва санъати ӯзбек дар Тоҷикистон //Тоҷикистони советӣ.- 1968.-5 сентябр.
- Оҳангҳои дӯстӣ: Фестивали умумииттифоқии халқҳои ИҶШС дар шаҳри Душанбе //Занони Тоҷикистон.- 1975.- №8.-С.12-13.
- Ба меҳмонии дӯстон: Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Литва //Тоҷикистони советӣ.-1970.-7 август.
- Аз қаъри асрҳо: Фаъолияти ходимони маданият ва санъати То¬ҷикистон //Тоҷикистони советӣ.-1967.-28 ноябр.
- «Найрангшоҳ: Маҷмӯаи ё пиесаҳои якпардагӣ.- Сталинобод, 1956.- С.23-36.
- Санъати халқи тоҷик.- Сталинобод, 1961.-292 с.
- Дӯстон оинаи якдигаранд: Санъати Афғонистон //Садои Шарқ.-1965.-№8.- С.131-137.
- Сафари мо ба Эрон //Занони Тоҷикистон.- 1958.- №1.- С.6.
- Қайдҳо оид ба ҳунарҳои зебо: Санъати касбии тоҷик //Садои Шарқ.-1966.-№7.-С.104-109.
Донистаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Меҳрубон Назаров солҳои 1966-1979 ба ҳайси Вазири маданияти ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ падари овозхони тоҷик Далер Назаров аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Меҳрубон Назаров: Китобномаи шарҳиҳолӣ /Мураттибон Ш. Тошев, С.Ғуломшоев.- Душанбе, 1997.- 64 с.
- Зодагони 1 май
- Зодагони соли 1922
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Рӯшон
- Даргузаштагони 7 март
- Даргузаштагони соли 1993
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми таърих
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Вазирони Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
- Намоишноманависони Тоҷикистон
- Коргардонҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Арбобони ҳунари Тоҷикистон