Jump to content

Мино Баҳруллоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мино
Таърихи таваллуд 1997(1997)
Зодгоҳ шаҳри Душанбе, Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон, рақоса
Сабк мусиқии поп
Номи мустаъор Мино

Мино Баҳруллоева (тав. 1997, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхони тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мино Баҳруллоева соли 1997 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш ҳангоми чорсола будани ӯ вафот намудааст, ки бори зиндагӣ бар дӯши модараш афтодааст. Мино дар оила фарзанди ягона набуда бародари бузургтар аз худаш дорад,ки дар ВКД ЧТ кор ва дар донишгохи байналмилалии (РУДН) Москав таҳсил мекунад. Даврони кӯдакии овозхон хело душвор гузаштааст. Модар онҳоро бо омӯзгориву кӯчарӯбӣ бузург кардааст[1]. Мино дар хурди духтари ором табиату кам гап буд ва модараш ӯро ба мактаби рақс дод. Ӯ ба рақс хелоҳам шавқи зиёд дорад. Аллакай дар синни 7 солагӣ Мино дар ансамбли «Падида» рақс мекард, ки маоши ночизе гирифта ба оилаашон кумак мекард[1]. Ӯ Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторовро хатм кардааст. Бо хоҳиши модараш Мино рақсро ба овозхонӣ иваз намуд. Модараш ба вай кумак мерасонад.

Фаъолияти ҳунарии Мино бо рақс оғоз шуда дар ансамбли рақсии «Падида» фаъолият намудааст, ки баъдтар тарки саҳнаи рақс намуда ба овозхонӣ шурӯъ намудааст. Суруди аввалинаш бо номи «Шахри мо» сабт шуд, ки овози ӯро ба овозхони колумбӣ «Шакира» шабоҳат дода, ӯро ҳамчун «Шакираи тоҷик» ном мебаранд. Баътар суруди дустдоштатарини ҳаводоронаш бо номи «Ай ёр» сабт шуда 4 июни соли 2014 дар YouTube гузошта шуд, ки ба зуди тамошобинони зиёдеро ба худ ҷалб кард. Баъдан сурудҳои Бачаи дарвозӣ ва Кабки Данғара сабт гардиданд, ки маъруфият Миноро аз марзи Тоҷикистон берун баромад, ки ӯро соли 2017 ба давлати Афғонистон даъват намуданд, онҷо ӯ дар барномаи «Қоби гуфтугӯ»-и шабакаи Tolo TV меҳмони барнома шуд ва дар барномаи «Helal Eid» барномаи консертӣ барпо намуд.

Мино сурудҳои тоҷикиро бо услуби аврупоӣ месарояд ва рақсҳои ғарбиро дар клипҳояш моҳирона иҷро мекунад. Бинобар шух сурудхондан ва рақсиданаш бештари ҳаводоронаш ҷавонҳоянд.

Иштирок дар барномаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Qabe Goftogo — 2017 — барномаи шабакаи «Tolo TV»-и Афғонистон
  • Имшаб LIVE — 2019 — барномаи интернетӣ
  • Ногуфтаҳо — 2020 — барномаи интернетӣ
  • Бонуи пурҳунар — 2020 — барномаи интернетӣ
  • Ай ёр
  • Бачаи дарвозӣ
  • Аҷаб нағмагарӣ
  • Кабки Данғара
  • Умираю (бо Қадами Қурбон)
  • Бачаи ҳамсоя
  • Танҳоям
  • Фарёд
  • Бале-бале
  • Гиждалла
  • Розиям
  • Масти маст
  • Поппурӣ
  • Ёри хуҷандӣ
  • Чаро зуд меранҷи?
  • Мама

… ва ғайраҳо