Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Миралӣ Раҷабзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Миралӣ Раҷабзода
Таърихи таваллуд: 17 октябр 1959(1959-10-17) (66 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Орҷонкидзеобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (1982), Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (2001)
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Миралӣ Раҷабзода ( зод.17 октябри 1959, ноҳияи Орҷонкидзеобод) — агроном, арбоби давлатӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Миралӣ Раҷабзода 17 октябри соли 1959 дар хонадони тоҷик дар ноҳияи Орҷонкидзеобод таваллуд шудааст. Соли 1982 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва соли 2001 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос: биология-химия, агрономия.

  • 1976—1982 — мудири китобхонаи Ҷамоати Туғмазори шаҳри Норак; Солҳои 1982-1989-омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 47-и ноҳияи Кофарниҳон;
  • 1989—1990 — мудири шуъбаи кадрҳои совхози «Гули Сурх»-и ноҳияи Кофарниҳон;
  • 1990—1993 — мудири хоҷагии совхози «Гули Сурх»-и ноҳияи Кофарниҳон;
  • Соли 1993 — раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи совхози «Гули Сурх»-и ноҳияи Кофарниҳон;
  • 1993—1996 — директори совхози «Шӯҳрат»-и ноҳияи Кофарниҳон;
  • 1996—2000 — раиси колхози «Боғпарвар»-и шаҳри Норак;
  • 2000—2005 — раиси Шӯрои ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии «Боғпарвар»-и шаҳри Норак;
  • 2005—2008 — раиси кумитаи заминсозии шаҳри Норак;
  • 2008—2011 — муовини раиси шаҳри Норак;
  • 2011—2013 — муовини якуми раиси шаҳри Норак;
  • 2013−2015 — раиси шаҳри Норак;
  • 2015—2021 — Раиси ноҳияи Файзобод.

Аз 30 марти соли 2015 то соли 2020 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.[1]

Соли 2013 бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

  1. Раҷабзода Миралӣ(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 апрели 2020.