Мирзои Қумӣ
Зоҳир
Мирзои Қумӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | фақеҳ, нависанда, омӯзгор, шоир |
Таърихи таваллуд: | 1739[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1816 |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом[2] ва шиъаи дувоздаҳимомӣ[2] |
Устодон: | Muhammad Baqir Behbahani[d] |
Шогирдон: | Муллоаҳмади Нароқӣ[d] ва Hassan Qaftan[d] |
Вироиши Викидода |
Абулқосими Қумӣ ибни Муҳаммад, маъруф ба Мирзои Қумӣ (форсӣ: میرزای قمی; 1739[1], Darreh Bagh, Azna[d], Устони Луристон — 1816, Қум) — фақеҳ, муҷтаҳиди шиъа, усулӣ, шоир, хушнавис ва донишманди эронӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз таҳсили улуми давр дар Ироқ ба Қум баргашт ва дар ин ҷо зиндагиву эҷод мекард. Ба ду забон — форсиву арабӣ оид ба фиқҳ, калом, ҳикмат, маонӣ ва ғ. асарҳои бисёри манзуму мансур эҷод кардааст. Яке аз асарҳои манзумаш — «Саволу ҷавоби Мирзои Қумӣ» дар замони зиндагии муаллиф шуҳрат ёфта буд. Рисолаҳои Абулқосими Қумӣ «Қавонин», «Ғаноим», «Муршиду-л-авом» то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд ва мавриди омӯзиши олимони эронӣ қарор доранд. Аз Абулқосими Қумӣ девони ашъор шомили 5 ҳазор байт боқӣ мондааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 арабская Википедия — 2003.
- ↑ 2.0 2.1 (unspecified title) — ISBN 9645662281
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулқосими Қумӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.