Jump to content

Мирзосаид Султонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзосаид Султонов
Султонов Мирзосаид
Таърихи таваллуд 1979(1979)
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ Иқтисод, Равобити байналмилал
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи Кобе, Донишгоҳи Осака Гакуин ва Донишгоҳи Тохоку Коеки Ҷопон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мирзосаид Султоноволим, доктори илмҳои иқтисод, донишёри (“Associate professor”) ва аз соли 2018 инҷониб профессор мебошад, ки ҳоло дар Донишгоҳи Токиои Ҷопон фаъолият мекунад.[1] Ӯ аз авалин тоҷикониест, ки дар кишвари Ҷопон унвони профессориро ба даст овардааст ва дорандаи ҳуқуқи иқомати доими зист дар ин кишвар аст.[2]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирзосаид Султонов cоли 2001 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе дар риштаи "иқтисоди ҷаҳон" бо тахассуси "иқтисоддони байналмилалӣ ва донандаи забони инглисӣ" хатм кардааст. Солҳои 2001 - 2008 корманди илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Моҳи апрели соли 2008 ҳамчун донишҷӯйи пажӯҳишгар таҳсили худро дар бахши иқтисоди Донишгоҳи Кобе дар Ҷопон идома додааст. Соли 2009 ба давраи докторӣ дар бахши иқтисоди Донишгоҳи Кобе дохил шуда, моҳи феврали соли 2013 унвони доктории худро бо муваффаққият ҳимоят намудааст. Солҳои 2013-2015 устоди Донишгоҳи Кобе ва Донишгоҳи Осака Гакуин будааст. Аз апрели соли 2015 ба баъд ба сифати Ассошиейт профессор ва аз соли 2018 ҳамчун Профессор дар Донишгоҳи Тохоку Коеки ба тадрису таҳқиқ банд буд. Аз апрели соли 2022 сар карда то имрӯз Профессор дар факултаи байналмиллалии Донишгоҳи Тойо, дар шаҳри Токио мебошад. [3] Аз фанҳои иқтисодиёт ва молияи байналмилалӣ ба донишҷӯён, магистрҳо ва аспиранҳои ҷопониву хориҷӣ дарс мегӯяд.[4] Дар бахши масоили иқтисодиву молиявии кишварҳои Авруосиё таҳқиқоти илмӣ мекунад.[5] Дар зиёда аз 30 конфронсҳои илмӣ ширкат ва зиёда аз 30 корҳои илмии худро дар маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ нашр намудааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мавзуъи пажӯҳишҳои ӯ таъсири интиқоли пул аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ба нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Дар он омилҳои асосии макроиқтисодие, ки ба интиқоли маблагҳо таъсир мерасонанд ва ҳамчунин таъсири интиқоли пул аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ба рушди иқтисодиёт, сатҳи воридот, истеъмолот ва сармоягузорӣ мавриди пажуҳиш қарор гирифтааст. Пажуҳиши мазкур таҳти назорати донишмандони ҷопонӣ ва бо истифода аз услуб ва равишҳои пешрафтаи омориву иқтисодӣ сурат гирифта, яке таҳқиқоти фарогири макроиқтисодӣ дар умури таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ва интиқоли пул аз тарафи муҳоҷирон ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.[6]

Тибқи пажуҳиши ӯ, иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз иқтисодиёти дигар кишварҳои дунё ба вуруди маблағҳои муҳоҷирон вобаста мебошад. Яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди кишвар дар 10 соли охир афзудани истеъмолот аз тарафи аҳолӣ буд. Омили афзоишдихандаи истеъмолот бошад вуруди босуботи маблағҳои муҳоҷирон ва дар пайи он зиёд гардидани воридоти молу маҳсулоти истеъмолӣ аз хориҷ мебошад. Пажуҳиши мазкур нишон медиҳад, ки набудани сиёсати мувофиқ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва шароити номувофиқи ташкили соҳибкорӣ дар дохили кишвар боиси афзоиши вобастагии Тоҷикистон аз маблағҳои муҳоҷирон гардида, фоиданокии ин васоили пулиро кам мегардонад.[6] Ба андешаи ӯ пулҳое ки муҳоҷирон ба кишвар интиқол медиҳанд, барои беҳбуд бахшидани иқтисод дар кӯтоҳмуддат то ҷое муҳиманд.[7]

Мирзосаид Султонов яке аз олимони пуркорест ки мақолаҳояш мунтазам дар маҷаллаҳои машҳури илмӣ ва омамавӣ нашр мешавад. Мақолаҳои ӯ ба иқтисоди байналмилал, молияи ҷаҳонӣ ва Ҷаҳонишавӣ бахшида шудаанд[8][1]:

  • The impacts of the oil price fall on the exchange rates of ASEAN-5: Evidence from the 2014 oil price shock. [9]
  • Health expenditure efficiency in the Commonwealth of Independent States: A data envelopment analysis approach. [10]
  • The macroeconomic determinants of remittance flows from Russia to Tajikistan. [11]
  • The impact of international sanctions on Russian financial markets.[12]

Донистаниҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирзосаид Султонов аввалин тоҷикест,ки дар Ҷопон соҳиби унвони профессорӣ шуд. Ин донишмандони 35 сола, ки як сол қабл рисолаи доктории худро дар донишгоҳи Кобеи Ҷопон ҳимоя кард, ахиран дар саҳфаи Фейсбукаш навишт:

Дӯстони азиз, ман дирӯз расман унвони "ассошиейт профессор" гирифтам. Ин орзу ва мақсадам буд ва ба Шумо низ барои расидан ба беҳтарин орзуҳоятон комёбиҳо орзумандам

[13]

  1. 1.0 1.1 ris.toyo.ac.jp/profile/en.
  2. Mirzosaid Sultonov. scholar.google.com. 24 феврали 2024 санҷида шуд.
  3. Sputnik Тоҷикистон. Профессор Султонов: ҳамкориҳо Тоҷикистону Узбакистонро ба якдигар вобаста мекунанд(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20170621T2000+0500). 24 феврали 2024 санҷида шуд.
  4. Мирзосаид Султонов: Ба донишҷӯёни тоҷик дар Ҷопон ҳамеша кумак мекунам (tj-TJ). Pressa.tj. 24 феврали 2024 санҷида шуд.
  5. Sputnik Тоҷикистон. Профессор Султонов: ҳамкориҳо Тоҷикистону Узбакистонро ба якдигар вобаста мекунанд(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20170621T2000+0500). 24 феврали 2024 санҷида шуд.
  6. 6.0 6.1 Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС) » Озодагон. Озодагон. 24 феврали 2024 санҷида шуд.
  7. Sputnik Тоҷикистон. Профессор Султонов: ҳамкориҳо Тоҷикистону Узбакистонро ба якдигар вобаста мекунанд(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20170621T2000+0500). 24 феврали 2024 санҷида шуд.
  8. Mirzosaid-Sultonov. Reaserchgate. Reaserchgate. researchgate.net.
  9. ‪The impacts of the oil price fall on the exchange rates of ASEAN-5: Evidence from the 2014 oil price shock‬. scholar.google.com. 24 феврали 2024 санҷида шуд.
  10. ‪Health expenditure efficiency in the Commonwealth of Independent States: A data envelopment analysis approach‬. scholar.google.com. 24 феврали 2024 санҷида шуд.
  11. ‪The macroeconomic determinants of remittance flows from Russia to Tajikistan‬. scholar.google.com. 24 феврали 2024 санҷида шуд.
  12. ‪The impact of international sanctions on Russian financial markets‬. scholar.google.com. 24 феврали 2024 санҷида шуд.
  13. МИРЗОСАИД СУЛТОНОВ, АВВАЛИН ТОҶИКЕ, КИ ДАР ҶОПОН УНВОНИ ПРОФЕССОРӢ ГИРИФТ (пайванди дастнорас)