Мирзо Козимбек
озарбойҷонӣ: Mirzə Məhəmməd Əli Kazım bəy | |
Таърихи таваллуд: | 22 июн 1802[1][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 27 ноябр (9 декабр) 1870 (68 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | забоншинос, тарҷумон |
Забони осор: | озарбойҷонӣ, русӣ, форсӣ ва арабӣ |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Мирзо Муҳаммадалӣ Козимбек (форсӣ: میرزا محمدعلی کاظمبیگ; 22 июн 1802[1][2], Рашт — 27 ноябр [9 декабр] 1870, Санкт-Петербург) — адиб ва шарқшиноси эронитабори рус, яке аз бунёдгузорони исломшиносии академикии Русия, узви вобастаи АИ Русия (1835).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳсилоти ибтидоиро дар назди падараш шайхулисломи Дарбанд гирифт. Сипас, дар назди устодони ин шаҳр илмҳои фалсафаи исломӣ ва балоғату мантиқро омӯхт. Козимбек забонҳои арабӣ, англисӣ, озарӣ, русӣ, тоторӣ, туркӣ ва фаронсавиро хуб медонист ва бо ин забонҳо мақолаву рисолаҳо менавишт. Ҳамчунин, аз олмонию ибрии қадим огоҳ буд. Дар 17-солагӣ (1819) нахустин асари худро ба арабӣ бо номи «Таҷрибаи дастури забони арабӣ» навишт. Рисолаи дигари ӯ «Муаммо ва луғз» бо забонҳои арабию форсӣ аст, ки соли 1820 таълиф шудааст. Соли 1823 Козимбек пас аз ба Сибир бадарға кардани падараш аз пайи ӯ ба Астрахан рафт ва дар он шаҳр аз мубаллиғони масеҳӣ забони англисиро омӯхт ва бо қавле ба сабаби ҳамнишинӣ бо онҳо оини масеҳиро қабул кард ва исми Александрро гирифт (1823). Соли 1826 устоди нахустин гимназияи Қазон, 1831 устоди забонҳои форсӣ, туркӣ ва арабии Д-гоҳи Қазон буд. Солҳои 1836-42 Козимбек дар гимназияи № 1-и Қазон, дар радифи забонҳои арабию форсӣ, ҳамчунин забонҳои туркиро дар қиёс ба вижагиҳои гуфтории онҳо таълим медод. Аз соли 1849 то охири зиндагияш устоди забони форсӣ, раиси гурӯҳи забони форсӣ ва раиси Д-кадаи шарқшиносии Петербург буд. Ҳангоми фаъолият дар Қазон барнома ва дастури таълимие барои устодони забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркию тотории гимназияҳо таҳия ва нашр кард (1936), ки аз ҷониби маъмурияти АИ Русия ва вазорати таълими ин кишвар баҳои баланд гирифт. Аз рӯйи барномаи мазкур забонҳои шарқӣ, чандин сол дар гимназияҳои Қазон, Тифлис ва Астрахан таълим дода мешуд. Козимбек дар рушди шарқшиносии Аврупо низ таъсири бузург расондааст. Таснифоти ӯ дар боби забоншиносӣ муҳимманд, аз ҷумла пиромуни дастур ва тағйироти забонӣ дар забонҳои форсию туркии озарӣ таълифоти гаронмояе пешкаш кард. Аз далелҳои ӯ пай бурда мешавад, ки ӯ ҳамчунин аз лаҳҷаву гӯйишҳои гуногуни форсӣ комилан огоҳ будааст. Рисолаи Козимбек «Асотири эронии Шоҳнома» шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Козимбек ҳамчунин оид ба баррасии робитаи мутақобилаи забони русӣ бо забонҳои шарқӣ мақолаҳои бисёр навиштааст. Дар бораи забонҳои бостонии Эрон ҳам пажӯҳишу таълифот дорад. Козимбек бо такя бар охирин таҳқиқоти шарқшиносии русӣ ва аврупоӣ нишон додааст, ки дар Эрони пеш аз ислом хатҳои занд, паҳлавӣ ва мехӣ ривоҷ доштаанд. Козимбек як зумра осори таърихиро низ баргардон кардааст. Аз ҷумла бо супориши Анҷумани осиёии Лондон асари Сайид Муҳаммади Розӣ дар бораи хонҳои Қримро бо ҳошияҳои туркӣ омодаи чоп кард, барои он пешгуфторе бо забони англисӣ навишт ва онро аз лиҳози забоншиносӣ баррасӣ кард. Козимбек ҳамчунин соли 1830 «Гулистон»-и Саъдиро ба забони русӣ баргардон ва дар Қазон мунташир кард. Мақсади асосии Козимбек осон кардани омӯзиши забони форсӣ барои донишҷӯёни рус буд. Ӯ маҳз, ҳангоми тарҷумаи «Гулистон» бо ашъори Рӯдакӣ бархӯрд ва дар муқаддимаи ин асар аз ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти форсӣ ёд кардааст. Козимбек ҳамчунин дар боби «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва қимати адабию таърихии он чанд пажӯҳиш дорад. Муаллифи асарҳо оид ба таърихи Қафқоз, Эрон, Осиёи Миёна, Қрим, инчунин таърихи ислом мебошад. Ӯ беш аз 100 асар таълиф карда, «Боб ва бобиҳо», «Муридизм ва Шомил», «Таърихи ислом» муҳимтарин таҳқиқоти Козимбек мебошанд. Козимбек ва О. Сенковский падари шарқшиносии Русия унвон гирифтаанд. Бисёре аз шарқшиносони наслҳои баъдии рус шогирди яке аз ин ду донишманд ё шогирди шогирдони онҳо буданд. Аз ҷумла Л. Толстой ва Н. Чернишевский аз донишҷӯёни Козимбек ба шумор мераванд. Козимбек узви вобастаи АИ Амрико, Англия ва Олмон буд. Дорандаи мукофоти Демидов — муътабартарин мукофоти илмии Русияи он давра (1844-55; дар мавзуи «Забонҳои шарқӣ»).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои асари форсии «Дарбанднома» (1851) аз дарбори Эрон нишони Шеру Хуршед гирифт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Swartz A. Open Library (ингл.) — 2007.
- ↑ 2.0 2.1 Faceted Application of Subject Terminology
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Козимбек / Валӣ Самад // Кашиш — Косон. — Д. : СИЭМТ, 2022. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 10). — ISBN 978-99985-0-006-8.