Jump to content

Михаил Светаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Михаил Светаев
Cветаев Михаил Алексеевич
Таърихи таваллуд 1907(1907)
Зодгоҳ Рязан (Русия)
Таърихи даргузашт 1982(1982)
Пеша(ҳо) оҳангсоз (композитор)

Михаил Cветаевкомпозитор, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1977), Узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Михаил Cветаев дар ш. Рязан (Русия) таваллуд шуда, овони наврасӣ дар Техникуми якуми давлатии Москва (композитсия ва фортепиано) дар синфи мусиқишинос ва пианинонавози маъруф Б.Л. Яворский таҳсил мекунад. Соли 1931 ӯ Консерваторияи давлатии Москваро (синфи композитори барҷастаи шӯравӣ Н.Я. Мясковский) хатм кардааст. Ба ташаккули диди зебопарастии М. Cветаев фаъолияти ӯ дар истеҳсолоти донишҷӯён-композиторони Консерватория мусоидат намуд. Ин ташкилот яке аз аввалин иттиҳодияҳои эҷодӣ буд. Сониян, М. Cветаев аъзои Иттифоқи композиторони кумитаи Москва мешавад. Маҳз дар асоси он соли 1932 Иттифоқи композиторони СССР ташкил гардид. Солҳои донишҷӯӣ М. Cветаев бо ҳунарпешаи маъруфи советӣ В.Н. Яхонтов ошноӣ пайдо намуда дар театри ӯ «Современник» ба ҳайси саркоргардон, композитор ва пианинонавоз кор мекунад. Чанд сол пас В.Н. Яхонтов дар китоби худ «Театр одного актёра» ва Н. Кримова дар китоби «В. Н. Яхонтов» нақши М.А. Cветаевро дар эҷоди намоишномаи фалсафӣ-публитсистии «Ҷанг» қайд намуда, мақоми муҳими онро дар ҳаёти мусиқии Москва ва Ленингради онвақта хеле бузург ҳисобидаанд. Пас аз хатми Консерватория ӯ дар театри мусиқии Тошканд (дертар – Театри академии опера ва балети ба номи А. Навоӣ) ҳамчун дирижёр ва композитор фаъолият менамояд. Дар ин ҷо дар ҳамкорӣ бо К. Яшен вай драмаи мусиқии «Дӯстон»-ро эҷод мекунад. Боз ба Москва баргашта ӯ солҳои 30-ум операи «Шабҳои сафед» (аз рӯи асари Ф. Достоевский), Консерт барои фортепиано, якчанд силсилаасарҳои вокалиро бар ашъори А.Блок, С.Есенин, В.Маяковский эҷод мекунад.Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ӯ дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат намуда, сурудҳои «Суруди партизанӣ» (ш. Н. Браун), кантатаи «Қурбони шараф» барои овози хор оркестр ва дигар асарҳоро эҷод мекунад. Аз нимаи дуюми солҳои 40-ум эҷодиёти пурмаҳсулро идома дода, ба фаъолияти мусиқӣ-маърифатӣ мароқи калон зоҳир менамояд. Соли 1946 ӯ дар ташкил намудани консерваторияи шаҳри Горкий (Россия) саҳмгузорӣ намуда, кафедраи назарияи мусиқиро роҳбарӣ намуда, аз композитсия ҳам дарс медиҳад. Соли 1948 котиботи Иттифоқи композиторони СССР М. Cветаевро барои кумаки эҷодӣ ба шаҳри Душанбе равон мекунад.[1]

Эҷодиёт дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шиносоӣ бо мусиқии суннатии тоҷик ба зудӣ ба фаъолияти ҷиддии мусиқӣ-таҳқиқотӣ табдил меёбад. Ба қалами М. Cветаев мақолаи «Шашмақом» (маҷаллаи «Дружба народов», 1965) тааллуқ дорад. Ӯ андешаҳои худро нисбат ба арзиши безаволи фолклори мусиқии тоҷик дар мақолаи «О некоторых особенностях таджикских народных песен» (нашрияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, 1975), дар монографияи «Ҳофизи халқи тоҷик Шариф Ҷӯраев» (Москва: «Советский композитор», 1960) иброз намудааст. Дарки фарҳанги миллии тоҷик ба ӯ имкон дод, ки дар сафи аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон фаъол шавад. Вай бо композиторон Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Фозил Солиев робитаҳои наздики эҷодии устувору дарозмуддат пайдо мекунад. Ӯ дар тақдири эҷодии композиторон насли дигар Дамир Дӯстмуҳаммадов ва Саид Ҳамроев нақши бузург бозида, ба ташаккули композитори ҷавон Заррина Миршакар таъсири калон расонидааст. Таҳти роҳбарии ӯ дар Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе симои эҷодии композитор Қудратуллоҳ Яҳёев ташаккул меёбад. Ин самти фаъолияти М. Cветаев дар маҷаллаи «Советская музыка» (1967), ба таври сазовор арзёбӣ гардидааст. М.Cветаев дар эҷодиёти композитории худ ба жанрҳои калонҳаҷм бештар рӯ овардааст. Жанри мусиқӣ-саҳнавиро М. Cветаев бо драмаи мусиқӣ оғоз намуда, дар балети «Қолини кабуд» (1949) идома медиҳад. Аз мусиқии ин балет аксаран ду сюитаи хореографӣ, валси консертии тоҷикӣ ва рақсҳои алоҳида дар консертҳои симфонӣ тез-тез иҷро мегарданд. Операи бачагонаи ӯ «Рӯбоҳи ҳилагар»-ро, ки соли 1960 Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузошта буд, соли 1974 барқарор намуд. Соли 1969 композитор ба нахустин операи худ «Шабҳои сафед» баргашта таҳрири дуюми онро пешниҳод кард. Дар синну соли камолот эҷодиёти композитор бештар дар жанри симфонӣ зоҳир мегардад. Диди ӯ дар ин жанр оптимистӣ буда, паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти халқ ва ҷомеаи ба ӯ муосирро таҷассум мекунад. Ду қисми симфонияи нотамоми ӯ (1952) ҳамчун достонҳои симфонии «Боғҳои гулзор» ва «Скерцо-достон» маъмул гаштанд. Симфонияи сеюм (1970) ба хотираи В.И. Ленин навишта шудааст. Симфонияи чаҳорум «Тоҷикистон» (1972) – тасаввуроти мусиқӣ дар бораи ҷумҳурии маҳбуб аст. Мазмунан ба он симфонияи панҷум – «Дӯстии халқҳо» (1973) қарин аст. Симфонияи шашуми композитор (1976) зери таассуроти рӯзномаи шахсии Таня Савичеваи ленинградӣ пайдо шуда, ба шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст. Дар эҷодиёти вокалии ӯ жанри романс мақоми хосаро пайдо кардааст. Интихоби шеър аз завқи баланд ва шеърфаҳмии ӯ ва маҳорати оҳангсозӣ – аз дарки мукаммали имкониятҳои сарояндагӣ гувоҳӣ медиҳанд. Солҳои 50-ум М. Цветаев силсилаи романсҳоро (иборат аз 12-то) бо номи «Гулдастае болои қабри шоир» бахшида ба Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ эҷод намуд. Пас аз 20 сол боз ба ин жанр рӯ оварда, силсилаи романсҳоро зери унвони «Бо оби фано» аз рубоиёти Умари Хайём меофарад. Ин силсилаасар намунаи олиҷаноби талқини фалсафии ашъори шоири бузург маҳсуб мешавад. Се романси дигари М. Цветаев (шеърҳои Ю. Друнина, 1975) ба мавзӯъи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд. Омӯзиши хусусиятҳои мусиқии суннатии тоҷик ба осори композитории М.Цветаев таъсири бузург расонид. Оҳангҳои асарҳои ӯ, ба монанди «Сарахбори Наво» барои ансамбли ҳофизон ва оркестри симфонӣ, сурудҳои сершумор бар матнҳои фолклори тоҷик барои яккахон ва фортепиано, ду хори a’capella ба оҳангҳои суннатии тоҷик хеле қаринанд. Дар ду сюита бар оҳангҳои классикии тоҷик барои оркестри созҳои халқӣ, М. Цветаев кӯшидааст,ки нозукиҳои лаҳнӣ, оҳангӣ ва зарбии мусиқии тоҷикро тавассути имкониятҳои оркестр нигоҳ дорад. Солҳои охири ҳаёт композитор М. Цветаев симфонияи ҳафтуми худро бо истифодаи маводи фолклори мусиқии тоҷик (1980), «Увертюраи табрикотӣ» (1981), Консерт барои фортепиано ва оркестрро менависад. Эҷодиёти ӯ инчунин беш аз 40 мусиқӣ бар спектаклҳои театрӣ, мусиқӣ барои кинофилмҳо, коркардҳои мусиқии халқӣ, суруду романсҳои сершуморро дар бар мегирад. Бо фаъолияти ҷамъиятӣ ва омӯзгории худ композитор М.Цветаев дар фарҳанги мусиқии ҷумҳурӣ саҳми хеле бузург гузоштааст. Соли 1977 М.Cветаев сазовори унвони фахрии Ходими хазматнишондодаи санъати Тоҷикистон гардид. Қаблан ӯ бо медалҳои «Ветерани меҳнат» сарфароз гардида буд.[1]

Асарҳои саҳнавӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Операи «Шабҳои сафед» (аз рӯи асари Ф. Достоевский, солҳои 30-юм). Таҳрири дуюм – 1969. Дастнавис.
  • Опера-афсона «Рӯбоҳи ҳилагар». Либреттои Л. Барсукова. Дастнавис.
  • Балети «Қолини сафед». Дастнавис. Аз ин балет се порча дар китоби «Оркестровые произведения советских композиторов». (№9, Москва: «Сов. композитор») чоп шудааст.

Асарҳои симфонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 1952 – Симфонияи №1 нотамом монд.
  • 1952 – «Боғҳои гулзор», достони симфонӣ. Дастнавис.
  • 1952 – Симфонияи №2
  • 1952 – «Скерцо-достон», достони симфонӣ. Дастнавис.
  • 1970 – Симфонияи №3 (ба хотираи В.И. Ленин). Дастнавис.
  • 1972 – Симфонияи №4 «Тоҷикистон», бахшида ба 50-солагии
  • СССР. Дастнавис.
  • 1973 – Симфонияи №5 «Дӯстии халқҳо». Дастнавис.
  • 1976 – Симфонияи №6. Дастнавис.
  • 1980 – Симфонияи №7. Дастнавис.
  • 1982 – «Увертюраи идона». Дастнавис.
  • 1982 – Консерт барои фортепиано ва оркестри симфонӣ. Дастнавис.

Асарҳои камеравӣ-созӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 1937-1939 – «Северные песни», цикл детских пьес фортепиано.
  • Москва, «Советский композитор», 1977.
  • 1973 – «Впечатления», цикл полифонических пьес. Москва, «Советский композитор», 1977.
  • 1944 (1973) – «Героическая соната». Москва, «Советский композитор», 1977.
  • 1982 – Соната барои флейта ва фортепиано. Дастнавис.

Асарҳои вокалӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 1929 – «Цветы чужого сада», 9 вокальных миниатюр на стихи
  • А. Глобы. Москва, «Советский композитор», 1983.
  • 1930-1932 – «Лесбия», 12 романс бар ашъори Катулла. Дастнавис.
  • 1931-1932 – «Сурудҳои қирғизӣ», шеърҳои А. Глоба. Дастнавис.
  • 1957-1958 – «Гулдастае болои қабри шоир», 12 романс бар ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
  • – «4 романса на стихи Рудаки». Москва, «Советский композитор», 1960.
  • – «2 романс бар ашъори Рӯдакӣ». Душанбе, «Таджикгосиздат», 1962.
  • – 6 романсов // «Абуабдулло Рудаки в музыке». Душанбе, «Ирфон», 1963
  • 1975 – «Бо оби фано», 12 романс бар ашъори Умари Хайём. Дастнавис.
  • 1976 – «Последняя любовь», вокальный цикл на слова В. Сосюры, А. Блока, Ф. Тютчева. Москва, «Советский композитор», 1983.[1]
  1. 1.0 1.1 1.2 Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011. - С. 181-185