Моҳрухсор Сафиева
Таърихи таваллуд | 5 апрел 1962 (62 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо |
Моҳрухсор Сафиева (5 апрели 1962, деҳаи Яхч, ноҳияи Комсомолобод) — овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2010), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2023)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми (1984) Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода дар ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси сароянда фаъолияташро шурӯъ намуд. Соли 1989 тариқи озмун узви дастаи навтаъсиси «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ гардид, соли 2004 барои тақвият бахшидани нуфузи овозхонони касбӣ ба ансамбли навтаъсиси дигари ҳамин кумита — «Фалак» гузаронида шуд. Услуби хоси овозхонӣ дорад, маърифату фарҳанги саҳнаороиро дар сатҳи олӣ риоя менамояд, дар интихоби матн эҳтиёткор аст, асолати маданияти овозхонии миллӣ дар ҳунараш ҳифз мешавад, сурудҳои халқию фалакиро накӯ адо мекунад. «Нолаи дутор», «Модар», «Муҳаббат», «Садқаи номат шавам», «Афсонаи най», «Афсуни вафо», «Ёри ранҷида», «Ёд», «Ғам дар дил», «Меҳр», «Худо ёрат бод», «Шукрона», «Ҷони миллат», «Нолаи ёр», «Шаб мегузарад», «Рози нуҳуфта», «Оҳи танҳоӣ», «Имшаб», «Ёдат кардам», «Саҳнаи зиндагӣ» намунае аз таронаҳояш мебошанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медали «Хидмати шоиста» қадр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аз Абдуғаффору Моҳрухсор то Моҳпайкару Нигина. Киҳо унвони “халқӣ” ва “шоиста” гирифтанд?. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (31 августи 2023). 5 сентябри 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 5 апрел
- Зодагони соли 1962
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Зодагони ноҳияи Нуробод
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Овозхонҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон