Jump to content

Музаффар Ашуриён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Музаффар Ашуриён
Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад
парчам
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2020

Ҳизб Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Касб ходими давлатӣ
Ҷоизаҳо Ордени Шараф (соли 1999), медали ҷашнии 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (соли 2002) унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2018).

Музаффар Қурбонмуҳаммад Ашуриён (Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, тав. 21 июли соли 1963) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ашуриён Музаффар 21 июли соли 1963 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст. Номзади илмҳои сиёсӣ мебошад. Фаъолияти кориашро соли 1986 ҳамчун прокурори шуъбаи тафтишотии Прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа оғоз намуда, сипас, то соли 1995 дар вазифаҳои муовини прокурори ноҳияи Ёвон, ёрдамчии прокурори ноҳияи Хуросон ва ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон кор кардааст.

  • Аз соли 1995 то соли 2000 дар мансаби раиси кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният фаъолият намудааст.
  • Солҳои 2000-2010 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
  • Аз соли 2010 то соли 2016 дар мансаби мудири шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон, мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
  • Солҳои 2016-2020 дар мансаби муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2020 ба мансаби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.[1]

Мукофот ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • ордени «Шараф» (соли 1999),
  • медали ҷашнии 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (соли 2002)
  • унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2018).[2]

Инчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. [http://www.president.tj/node/22630 АШУРИЁН Музаффар Қурбонмуҳаммад Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон](тоҷ.). www.president.tj (3 ноябри 2020). 15 Декабри 2023 санҷида шуд.
  2. [http://www.president.tj/node/22630 АШУРИЁН Музаффар Қурбонмуҳаммад Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон](тоҷ.). www.president.tj (3 ноябри 2020). 15 Декабри 2023 санҷида шуд.